“Бо суръати баланд ба панҷара бархӯрд”. Милитсияи Душанбе сарозер шудани таксиро аз болои пул шарҳ дод

  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) сарозер шудани таксиро аз болои пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса тақрибан соати 13:10-и имрӯз рух дод ва маҳз суръати баланд боиси садама шудааст. Дар ин садама як нафар захмӣ гардидааст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши иттилоия гуфт, […]

 

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) сарозер шудани таксиро аз болои пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса тақрибан соати 13:10-и имрӯз рух дод ва маҳз суръати баланд боиси садама шудааст. Дар ин садама як нафар захмӣ гардидааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши иттилоия гуфт, ронандаи автомошинаи "Киа Рио" Хуршед Ҳалимов “дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад”.

“Дар натиҷа, панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, воситаи нақлиёти тамғаи "Киа Рио" аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад”, – гуфта шудааст дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод менависад, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса, аз зери пул автобус мегузашт ва панҷараи шикаста “ба оинаи тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст”.

Бино бар навиштаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи ин ҳодиса як мусофири автомашинаи тамғаи "Киа Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки оид ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки аксу навори сарозер шудани як таксӣ аз болои пули хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ баъди зуҳри имрӯз, 28-уми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси ҳадсу гумонҳои зиёд гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.