Маош то 6 ҳазор сомонӣ. Дар Суғд барои НБО “Роғун” коргар меҷӯянд

Афзал Босолиев, махсус барои "Asia-Plus"

ҶСК НБО “Роғун” барои тезонидани корҳои бунёдӣ мутахассисон ва шаҳрвадонро аз вилояти Суғд ба  кор даъват менамояд. Масъулини ин нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ба корҷӯёни суғдӣ ваъда карданд, ки аз 2,5 то 6 ҳазор сомонӣ маош пардохт намуда, бо ҷойи хоб, хӯрок ва либос таъмин мекунанд.

Дар ин бора Сайдулло Абдуаҳадзода, сардори Раёсати кадрҳои ҶСК НБО “Роғун” зимни баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, таъкид намуд, ки бо сабаби тезонидани кор дар ин иншооти бузург тасмим гирифтаанд, ки нафарони корҷӯй ва мутахассисонро ба кор ҷалб намоянд.

“Айни замон дар НБО “Роғун” 12 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз сабаби зиёд шудани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ бо супориши роҳбари давлат бояд теъдоди кормандон то соли 2023 ба 20 ҳазор нафар расонида шавад. Имрӯз НБО “Роғун” ба ихтисосҳои ронанда, гидротехник, энергетик ва ба дигар мутахассисони сохтмон ниёз дорад”, – гуфт  Сайдулло Абдуаҳадзода.

Ӯ ҳамчунин, зикр намуд, ки айни ҳол аз вилояти Суғд дар НБО “Роғун” 300 нафар кор мекунанд ва дар ин ярмарка зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ  ба корҷӯён пешниҳод карда шуд.

Тавре ки қайд гардид, чунин ярмаркаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузаронида мешавад. То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду маротиба ярмарка доир гашта, 2 ҳазор нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати Агентии меҳант ва шуғли аҳолии вилояти Суғд давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 280 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар он 5200 нафар шаҳрвадон ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...