Маош то 6 ҳазор сомонӣ. Дар Суғд барои НБО “Роғун” коргар меҷӯянд

ҶСК НБО “Роғун” барои тезонидани корҳои бунёдӣ мутахассисон ва шаҳрвадонро аз вилояти Суғд ба  кор даъват менамояд. Масъулини ин нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ба корҷӯёни суғдӣ ваъда карданд, ки аз 2,5 то 6 ҳазор сомонӣ маош пардохт намуда, бо ҷойи хоб, хӯрок ва либос таъмин мекунанд. Дар ин бора Сайдулло Абдуаҳадзода, сардори Раёсати кадрҳои ҶСК […]

Афзал Босолиев, махсус барои "Asia-Plus"

ҶСК НБО “Роғун” барои тезонидани корҳои бунёдӣ мутахассисон ва шаҳрвадонро аз вилояти Суғд ба  кор даъват менамояд. Масъулини ин нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ба корҷӯёни суғдӣ ваъда карданд, ки аз 2,5 то 6 ҳазор сомонӣ маош пардохт намуда, бо ҷойи хоб, хӯрок ва либос таъмин мекунанд.

Дар ин бора Сайдулло Абдуаҳадзода, сардори Раёсати кадрҳои ҶСК НБО “Роғун” зимни баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, таъкид намуд, ки бо сабаби тезонидани кор дар ин иншооти бузург тасмим гирифтаанд, ки нафарони корҷӯй ва мутахассисонро ба кор ҷалб намоянд.

“Айни замон дар НБО “Роғун” 12 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз сабаби зиёд шудани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ бо супориши роҳбари давлат бояд теъдоди кормандон то соли 2023 ба 20 ҳазор нафар расонида шавад. Имрӯз НБО “Роғун” ба ихтисосҳои ронанда, гидротехник, энергетик ва ба дигар мутахассисони сохтмон ниёз дорад”, – гуфт  Сайдулло Абдуаҳадзода.

Ӯ ҳамчунин, зикр намуд, ки айни ҳол аз вилояти Суғд дар НБО “Роғун” 300 нафар кор мекунанд ва дар ин ярмарка зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ  ба корҷӯён пешниҳод карда шуд.

Тавре ки қайд гардид, чунин ярмаркаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузаронида мешавад. То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду маротиба ярмарка доир гашта, 2 ҳазор нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати Агентии меҳант ва шуғли аҳолии вилояти Суғд давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 280 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар он 5200 нафар шаҳрвадон ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.