“Вазъи ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳо”. Гузоришгари вижаи СММ дар Тоҷикистон аз чӣ хоҳад гуфт?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи башар, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва ӯ вазъи ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ӯ бо аъзоёни ҳукумат ва рӯзноманигорони тоҷик низ вохӯрӣ мегузаронад. Дар ин бора сомонаи СММ оид ба ҳуқуқи башар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гузоришгари вижаи СММ то 9-уми декабр дар Тоҷикистон сафарашро идома дода, дар охир оид ба ҳолати кунунии ҳуқуқи башар дар ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.

Ҳамчунин, ин сафар имкон медиҳад, ки вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мушкилоту чолишҳои аслии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи Лолор, ин сафар ба иҷрои Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ӯ тамаркуз хоҳад кард, то барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон фазои мусоид ва ҳавасмандкунанда дар Тоҷикистон ба вуҷуд биёяд.

“Ман инчунин чораҳои мавҷуда ва ба нақша гирифташударо оид ба ҳифзи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла қонунгузорӣ ва сиёсат, муҳити умумӣ барои сабти ном ва идоракунии созмонҳои ғайридавлатӣ, озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқиро баррасӣ хоҳам кард”, – гуфтааст Лолор.

Дар ҷараёни ин сафар коршинос бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчунин масъулини СММ, намояндагони созмонҳои минтақавии ҳуқуқи башар, аъзои созмонҳои шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мулоқот хоҳад кард.

Гуфта мешавад, пас аз сафар ин гузоришгар нишасти матбуотӣ баргузор намуда, мушоҳидаҳои муқаддамотии худро бо расонаҳо баён мекунад.

Хулосаҳо ва тавсияҳои Мэри Лолор моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод карда мешаванд.

Бояд гуфт, хонум Мэри Лолор гузоришгари вижа оид ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон айни замон дотсенти бахши тиҷорат ва ҳуқуқи инсон дар Коллеҷи Тринити Дублин мебошад. Ӯ муассиси Бунёди байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башари “Front Line Defenders” буд.

Мавсуф дар солҳои 2001-2016 ҳамчун директори иҷроия ин бунёдро намояндагӣ карда, дар рушди он нақши калидӣ бозидааст.

Ёдовар мешавем, ки хонум Мэри Лолор аз 1-уми майи соли 2020 гузоришгари махсус оид ба ҳуқуқи башар дар СММ таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...