Вазъи заҳролудшудагон дар Ҷаббор Расулов рӯ ба беҳбудӣ аст

Ду узви як хонадон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда буданд, дар бемористон боқӣ монда, ду нафар дигар пас аз беҳбудӣ мураххас шудаанд. Дар ин бора Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба иттилои Абдуғаффор Темуров ҳоло Муноҷот Каримова, ки дар шӯъбаи эҳё қарор […]

Ду узви як хонадон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда буданд, дар бемористон боқӣ монда, ду нафар дигар пас аз беҳбудӣ мураххас шудаанд. Дар ин бора Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба иттилои Абдуғаффор Темуров ҳоло Муноҷот Каримова, ки дар шӯъбаи эҳё қарор дошт, пас аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш ба  шӯъбаи табобатӣ бистарӣ гузаронида шуда, якҷо бо Туйдинисо Зарипова, узви дигари ин хонадон, табобатро идома медиҳанд.

“То он замоне, ки саломатии ин ду нафар боз ҳам беҳтар нагардад, иштиҳояшон хуб нашавад, зери назорат хоҳанд буд”, – гуфт муовини сартабиб.

Саломатии боқимонда 4 узви дигар ин хонадон ҳоло хуб арзёбӣ мегардад ва онҳо аз бемористон рухсат шудаанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11-уми ноябри соли равон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонадон аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда, пас аз ду рӯзи худдармонӣ, ба бемористон интиқол дода шуданд.

Пас аз 10 рӯзи табобат ду  аъзои оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтидаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳодисаи саҳролудшавӣ аз маҳсулоти дар шароити хонаомодашуда дар Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи истеъмоли консерва 18 узви як хонавода заҳролуд шуда, 4 нафарашон ба ҳалокат расида буданд.

Ҳамчунин, моҳи августи соли равон бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.