Аҳмад Масъуд: Толибон Афғонистонро ба зиндон ва макони сарбозгирӣ барои террористон табдил додаанд

Имрӯз, 30-юми ноябр, Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон дар  10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” зери унвони "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо", ки дар Душанбе идома дорад, ширкат кард. Зимни баромади мухтасари худ, Аҳмад Масъуд оид ба вазъи кунунии Афғонистон ва роҳи […]

Имрӯз, 30-юми ноябр, Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон дар  10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” зери унвони "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо", ки дар Душанбе идома дорад, ширкат кард.

Зимни баромади мухтасари худ, Аҳмад Масъуд оид ба вазъи кунунии Афғонистон ва роҳи ҳалли мушкили ин давлат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки “имрӯз Афғонистон макони омӯзиш ва сарбозгирӣ барои террористони минтақавӣ ва байналмилалӣ ва як зиндони калон барои мардуми мусалмон ва мазлуми Афғонистон шудааст”.

Ӯ гуфт, ки “Толибон* бар хилофи омӯзаҳои исломӣ ва байналмилалӣ амал карда, равишҳои мазлумонатару ифротиро рӯйи даст гирифтаанд”.

“Толибон дар наздик ба 16 моҳ ба ҷиноёти ҷангӣ, нақзи ҳуқуқи башар, қочоқи маводи мухаддир, кӯчбандии иҷборӣ, наслкушӣ, боздоштҳои сартосарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст задаанд, ки дар ин бора мо қаблан низ ба тафсил гузоришҳо нашр карда будем”,- гуфт Аҳмад Масъуд.

Роҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин оид ба эътирозҳои густардаи занон дар кишвараш суханронӣ намуд ва таъкид дошт, ки “шаклгирии ҷиноҳҳои зидди Толибон дар дохил ва хориҷи Афғонистон нишонаи норизоияти ҳарчи бештари мардум аз шароити феълӣ аст”.

Аҳмад Масъуд аз мулоқотҳову гуфтушунидҳояш бо нухбагони сиёсии Афғонистон ёдовар шуда, ишора намуд, ки “дар тӯли якуним сол таомулҳое, ки мо бо ҷанбаҳо ва нухбагони мухталиф доштем, маълум намуд, ки аксари онҳо аз шароити мавҷуда норозӣ ҳастанд”.

Дар поёни суханронии хеш Аҳмад Масъуд бори дигар ба бунёди ҳукумати ҳамашумул,  ки бо иродаи мардуми Афғонистон сохта шуда бошад, таъкид намуд ва гуфт, “мо боварманд ба музокира, арзишҳо, боварҳо ва усулҳо ҳастем”.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз, 29-уми ноябр, дар Душанбе 10-умин ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” зери унвони "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" оғоз гардид, ки дар он сиёсатмадорону чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, мақомдорону коршиносон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақаю ҷаҳон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Намояндаи Толибон, ки ба ин ҳамоиш даъват шуда буданд, ҳозир нашудаанд, ки дар он иштирок намоянд.

Зикр мешавад, ки ҳадафи аслии ҳамоиши мазкур таҳлили вазъи кунунӣ ва пайдо намудани роҳҳали мушкилоти имрӯза дар Афғонистон мебошад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.