Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022. Бонки ҷаҳонӣ афзоиши рекордиро пешбинӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар соли 2022 шояд ба сатҳи баланди рекордӣ расад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Муҳоҷират ва рушд”.

Муаллифони гузориш эътироф мекунанд, ки пас аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина аз коҳиши босуръати интиқоли пул ба ин кишварҳо интизорӣ доштанд.

Аммо пешгӯии онҳо нодуруст баромада, баръакс шуд. Акнун таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия дар сатҳи баланд боқӣ монда, қурби рубл устувор шуд ва бо ин сабаб онҳо афзоиши рекордии интиқоли маблағро ба кишварҳои зикршуда аз эҳтимол дур намедонанд.

Мувофиқи маълумоти гузориш, соли 2022 вуруди маблағ ба Тоҷикистон 3,2 млрд доллар, Ӯзбекистон – 13,5 млрд доллар ва Қирғизистон – 3,1 млрд долларро ташкил хоҳад дод.

Дар гузориш зикр мешавад, ки барои аксари кишварҳои ИДМ Русия сарчашмаи асосии интиқоли пул мебошад. Гуфта мешавад, ҳиссаи интиқол аз Русия ба Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон зиёда аз нисфи ҳаҷми умумии маблағи ирсолшударо ба ин кишварҳо ташкил медиҳад.

Дар гузориш зикр мешавад, ки дар таносуби фоизии интиқоли маблағ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) Тоҷикистон – 32% ва Қирғизистон – 31% пешсафанд.

Таносуби маблағи интиқолёфта нисбат ба ММД-и Ӯзбекистон дар соли равон дар сатҳи 17% (13% – дар соли 2021) арзёбӣ мешавад.

Бонки осиёии рушд баръакс пешгӯӣ карда буд.

Қаблан дар гузориши моҳи сентябри Бонки осиёии рушд (БОР) коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 25% – аз 2,25 млрд доллар дар соли 2021 то ба 1,69 млрд доллар дар соли 2022 пешгӯӣ шуда буд.

“Ин оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ хоҳад дошт, зеро зиёда аз 50% хонаводаҳо (тақрибан 735 ҳазор нафар) асосан ба интиқоли пул такя мекунанд”, – таъкид месозанд таҳлилгарони Бонк.

Иқтисодчиёни БОР пешгӯии худро ба камшавии ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иқтисоди Русия, аз ҷумла бахшҳои хидматрасонӣ ва сохтмон, ки муҳоҷирони тоҷик маъмулан дар онҳо кор мекарданд, асоснок мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба интиқоли пул, ки 80%-аш аз Русия ирсол мешаваду ҳудуди 1 млн нафар тоҷикистониён дар ин кишвар машғули коранд, вобастагии зиёд дорад.

Мақомоти кишварoо аз пешниҳоди ин гуна маълумот худдорӣ мекунанд

Қобили зикр аст, ки аз солм 2014 мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди маълумот ба намояндагони ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли пул худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон ин маълумотро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт мекарданд. Аммо пас аз оғози муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина, ин ниҳоди молиявии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати боздоштани нашри чунин маълумот чизе зикр намешавад.

Бонки марказии Русия ҳар семоҳа дар бораи интиқолҳои пулии фаромарзӣ маълумот нашр мекард. Охирин маълумоти сомона дар ин бора нимаи дуюми моҳи март (аз натиҷаҳои соли 2021) нашр шуда буд.

Дар соли 2021 маблағи умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил дода буд, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Зиёда аз 76%-и ин интиқолҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, қариб аз чор як ҳиссаи он – аз ҷониби шаҳрвандони Русия ва/ё шахсони бо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия иқоматдошта анҷом дода шудаанд. Дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо 94,3%-ро рубл, 5,6%-аш – доллар ва 0,1%-ашро – евро ташкил медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...