Тоҷикистон ба Покистон 5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона фиристод

Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба маблағи 19,2 млн сомонӣ 5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президент хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки ин кӯмакҳо аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-plus

Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба маблағи 19,2 млн сомонӣ 5 ҳазор тонна маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ кумаки башардӯстона равон кардааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии президент хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки ин кӯмакҳо аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки он бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, равон карда шуд.

Гуфта мешавад, ки сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ низ Тоҷикистон ба Покистон ба маблағи 12,2 миллион сомонӣ кумаки башардӯстона фиристода буд. Он замон бар асари селхезиҳо дар Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар захмӣ шуданд.

Инчунин, зиёда аз як миллион бинои истикоматй, роҳу пулҳо, дигар объектҳои таъиноти гуногун ва заминҳои кишт комилан хароб гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.