Ато Ҳамдам: Замона дигар гашту мо ҳам дигар…

Date:

Ато Ҳамдам ба таври расмӣ зодрӯзашро 13-уми июн қайд мекунад, вале худаш мегӯяд, зодаи 5-уми декабри соли 1949 аст. Мавсуф аз рӯзноманигорони номвар ва қолабшикани асри ХХ шинохта мешавад ва солҳо симмати сардабирии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро ба дӯш доштааст. Дар замони сардабирии Ато Ҳамдам он пурнашртарин рӯзномаи вақти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ато Ҳамдам чанде пеш ба унвони Нависандаи халқи Тоҷикистон мушарраф шуд ва ҳоло дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият мебарад. Ба ифтихори ҷашни мавлуди мавсуф “Азия-Плюс” сӯҳбати ду сол қабли ӯ бо ҳафтаномаи “Самак”-ро бо ихтисор бознашр мекунад.

Иттиҳоду иттифоқ

– Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро дар замони роҳбарии шумо, ки 3 тин арзиш дошт, то 5 сумӣ харидорӣ мекарданд. Сирри муваффақияти “Комсомоли Тоҷикистон” дар чӣ буд?

– Дар ҳақиқат “Комсомоли Тоҷикистон”-и он солҳоро, ки 3 тин арзиш дошт, дар баъзе минтақаҳо, ба монанди Панҷакент, Айнӣ, Ҳисор ва Мастчоҳ то 5 сумӣ харидорӣ мекарданд. Ин хабарҳо борҳо ба мо расида буд. Агар ин рақамҳоро муқоиса кунем, 3 тин ҳудуди 3 сомонӣ бештар ва 5 сум зиёда аз 8 доллари ҳамон вақтро ташкил медиҳад.

3-юми август соли 1977 баъди хатми Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд ба Душанбе омадам. Ғайричашмдошт, баъди ҳаводиси носозгори “Комсомоли Тоҷикистон” маро ба сармуҳарририи он пешниҳод намуданд. Дар аввалин вохӯрӣ бо аҳли эҷоди рӯзнома муроҷиат кардам, ки ҳар он чӣ ки буд, гузашт, аз ин пас мо бо ҳам – коллективона кор мекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мо то муттаҳид нашавем, дар байни худ иттифоқ набандем, аз дастамон коре намеояд. Дар байни мо ҳисси бегонагию худпарастӣ набошад. Ман ҳеҷ вақт худро аз шумо боло намегузорам, чун шумо рӯзноманигор ҳастам, лозим ояд аз шумо меомӯзам ва то ҷое, ки имконият дорам, он чиро ки омӯхтам, ба шумо меомӯзонам. Барои ман мафҳуми маҳал ва маҳалбозӣ тамоман бегона аст. Ман танҳо аз рӯи истеъдод ва ҳунар ба шахсият баҳо медиҳам. Ин дари бинои кӯҳна, ки аз солҳои 30– юм боқӣ мондааст, барои ҳар яки мо муқаддас аст ва барои шумо доимо боз. Ман интизори сӯҳбати гарми шумо, интизори пешниҳоди идеяҳои тозаи шумо ҳастам ва ҳар он чи ки хуб аст, бо ёрии ҳамдигар ба роҳ мемонем ва барои обрӯву эътибори рӯзнома тамоми кӯшишу ғайрати худро дареғ намедорем.

Бо ин аз аввал барои ин ягонагиву якдилӣ фазои созгори озодро муҳайё кардам. Ин иттиҳоди мо ба зудӣ қувват гирифту вирди забонҳо гашт, ки баъдан ба баъзеҳо хуш наомад. Аммо, фикр мекунам, сирри муваффақияти мо маҳз ҳамин муттаҳидии мо буд, ки бо он ба ҳама чӣ даст ёфтем.

Бузургтарин коре, ки “Комсомоли Тоҷикистон” ҳамчун як рӯзнома анҷом дод, аз назари сармуҳаррири вақт, чӣ буд?

– Ман ҳам дар чандин ҷо ин суханро хондаму шунидам. Ин баҳои 1-2 кас нест, ин баҳои 200 ҳазор хонандаи доимии “Комсомоли Тоҷикистон” аст ва бояд бигӯям, ки мо имконияти то 300 ҳазор бардоштани тиражи рӯзномаро  доштем, аммо ин роҳ бо талаб ва таъкиди болобудаҳо ба рӯи мо баста шуд… Бо ин вуҷуд, теъдоди тиражи рӯзномаи рақами яки мамлакат – “Тоҷикистони Советӣ” (имрӯза “Ҷумҳурият”) ба 170 ҳазор баробар буд ва рӯзномаи ҷавонии мо 30 ҳазор бештар аз он чоп мешуд.

Бузургтарин коре, ки мо кардем, вазифаи аслӣ, вазифае, ки дар пеши худ доштем, самимона қабул намудем ва то ҷое ба сомон расонидем. Проблемаҳое, ки он шабу рӯз пешорӯи ҷавонон қарор дошт, мо ошкоро менавиштему мегуфтем. Тамоми қувва, ҷуръат, ҷасорат ва маҳорати худро барои ҳалли дарду доғи пешорӯи ҷавононбуда сарф намудем.

Бояд бигӯям, ки журналистони мо ҳеҷ вақт танқидро ба хотири танқид истифода накарданд. Ба он хотир истифода карданд, ки аз он муроде ҳосил ва мушкиле ҳал шавад. Ин таъкиди ҳамешагии ман буд ва доим талаб мекардам, ки бояд ҳақиқатнигорӣ маҳаки асосии кори мо бошад.

Ҷои гуфтан аст, ки яке аз корномаҳое, ки “Комсомоли Тоҷикистон” карду самараи нек дод, ин ба шефӣ гирифтани корхона, хоҷагӣ ё муассисае буд. Идораи рӯзнома корхона ё хоҷагиеро ба шефӣ мегирифт, ки дар он ҷо ҷавонон зиёданд ва аз рӯзгору кору бори ҳамон хоҷагӣ пайваста огаҳ шуда, журналистонро масъул мекард, то аз пешрафту мушкилоти он доим хонандаю масъулинро огаҳ кунад.

– Қолабшиканӣ ва муқобили ҷараён ҳаракат кардан дар кори “Комсомоли Тоҷикистон” бисёр зикр мешавад. Табиист, ки баъди он ба Кумитаи марказии Ҳизби Комунист даъват мешудед. Аз ин ҳолатҳо чӣ гуна мебаромадед, яъне, шуморо чӣ халос мекард?

– Кори мо аз дигар нашрияҳо фарқ дошт ва, албатта, ин ошкоро ба мубориза барои рафъи камбудиҳо бархестани “Комсомоли Тоҷикистон” ва коллективи эҷоди он ба баъзеҳо хуш намеомад. Маро ҳар сари чанд вақт ба Кумитаи марказии Комсомол ва ҳатто ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунист даъват карда, гӯшмол медоданд. Таъкидҳо мешуд, ки “аз чорчӯба набароед, то ину он нашавад”. Борҳо ба нармиву ба тундӣ сари маводҳои рӯзнома баҳс шудааст. Аммо боз кори мо ҳамон буд…

Роҳе, ки “Комсомоли Тоҷикистон” интихоб кард, ба назари банда дуруст буд. Чун он роҳи интихобнамудаи мо роҳи “Хизмат ба Ватан, Миллат, Фарҳанг ва Забон” буд ва дар моваро ҳеҷ ғаразу кине сад дар сад ҷой надошт. Бинобар ин гӯшмоле, ки аз боло медоданд, ки гӯё ман раваму ба роҳи рост дароям, ба ман бегона буд. Инчунин инро аз коллектив талаб мекардам ва ҳар вақт мегуфтам, ки ҳеҷ ҷои тарс нест, ба пеш! Ҳар ки тарсад аз ҳоло равад!

Ҳамдастӣ ва мулоқот

– Фаъолияти ду рӯзномаи солҳои 80– 90– ум – “Маориф ва маданият” ва “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳам монандии зиёд доранд. Байни шумо рақобат ва ё ҳамдастиву ёрӣ буд?

– Оғози бедории миллӣ дар саҳифаҳои “Маориф ва маданият” пайдо шуд ва “Комсомоли Тоҷикистон” онро идома дод. Ба “Маориф ва маданият” (“Омӯзгор”-и имрӯз) муаллимаи шодравон Бӯриннисо Бердиева сарварӣ мекарданд ва он ҷасорату матонату маҳорате, ки он кас доштанд, ошкоро мегӯям, ман надоштам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бӯринисо Бердиева

Пеш аз кор дар “КТ” бо муаллима Бӯриннисо Бердиева ошноӣ надоштам. Чанде аз сармуҳаррирӣ нагузашта, хабари роҳи нави рӯзномаро огаҳ шуда, он кас ба суроғи ман омаданд. Дар ҳуҷраи корӣ сари як пиёла чой сӯҳбат кардем ва таъкид намуданд, ки писарам эҳтиёт бошед, чун ман бисёр суханони пасту баланд, таҳдидҳои бешумор, дӯғу пӯписаҳоро шунидам. Дар ин роҳ қавӣ будан шарт ё худ сутуни марказист. Ҳеҷ гоҳ сустӣ, заъифии худро нишон надиҳед. Дари ман доимо ба рӯи Шумо боз ва ҳар он чи ки аз ман вобаста бошад, ба Шумо дареғ намедорам.

Аз ин мулоқот ҳамкории мо оғоз ёфт ва то охири дар вазифа будан ва баъди он низ дӯстии мо пайванд дошт.

Зимнан, дар серхонандатарин рубрикаи “КТ” – “Мулоқоти ғоибона” саҳми Шумо то куҷо буд?

– Дар он солҳо рӯзномаи машҳури СССР – “Комсомолская правда”, ки бо теъдоди зиёди аз 10 миллион нусха мебаромад, мулоқоте ингуна дошт. Ҳар гоҳ ба дасти ман мерасид, ҳатман мутолиа мекардам. Боре дар маҷлис ба аҳли эҷод пешниҳод кардам, ки чӣ мешавад ҳамин рубрикаро бо диди нав, бо тарзи нав дар Тоҷикистон ба роҳ монем.

Мо дар нақша гузоштем, ки дар мулоқот вазирон, депутатҳо, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ашхоси барӯманди замонро даъват намоем. Тасаввур кунед, вазир ҳуҷраи кории барҳавои худро монда, ба як бинои кӯҳнаи деворҳояш рехта омада, бар курсии сахти сармуҳаррир се соат нишаста, тавассути телефон ба саволҳои гоҳо сахти мардуми оддӣ, ба пурсишҳои аз хонандагони синфи 4– 5 сар карда то донишҷӯву коргару муаллиму китобдору раису деҳқон, ҷавоб медод.

Ёдам ҳаст, ки аввалин мулоқоти мо бо вазири саноат ва масолеҳи бинокорӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Виктор Иванович Медведев 22– юми январи соли 1986 баргузор гардид. Хушбахтона, мулоқоти аввали ғоибона хеле хуб давом кард ва он се соати ҷудонамуда чӣ гуна зуд ба итмом расид, бехабар мондем. Аз тамоми гӯшаву канори кишвар занг зада, ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд, проблемаҳои худро ҳал карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъди ин бо арбобони намоёни вақт, ки аксаран вазирон буданд, мулоқотҳои хотирмон доштем. Ва бовар мекунед, дар ҷараёни мулоқоти ғоибана проблемаҳои ҷомеа ошкоро гуфта мешуд ва бисёри он дар ҷояш ҳалли худро меёфт.

“Мулоқоти ғоибона”– и мо дар ҳалли мушкилоти ҷавонон, ки дар маҳалҳо ҳаллашон душвортар буд, нақши бориз гузошт ва бояд гӯем, ки баъди чанд мулоқот баъзе аз роҳбарон бо “КТ” бисёр боэҳтиёт шуданд. Ҳатто “газетаи бақувват” ва “газетаи фалокат” ҳам унвон доданд, ки “вазиронро ба идораи рӯзнома бурда, маҷбур мекунад, ки бо Тоҷикистон сӯҳбат кунанд”. Лекин, бо ин вуҷуд, кори мо бар дилу дидаи бисёриҳо нишаст ва нафаре пайдо намешуд, ки мо даъват кунему ӯ наояд.

Ман ёд надорам, ки ягон вазир ба мулоқот омада, аз ин ҷо малул ё ранҷида рафта бошад. Дам ба дам чой менӯшиданд, арақи ҷабин пок мекарданд, аммо баъди тамомшавӣ иқрор мешуданд, ки роҳат кардем, чандин сари сол гузашта буд, ки ин гуна суҳбати зиндаву ошкор накарда будем. Ва ҳамаашон аз идораи рӯзнома бо табъи болида мебаромаданд.

Як мулоқоти ҷамъбастии хонанда бо коллективи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳам гузаронидем, ки дар он ҷо ҳам сӯҳбати ошкоро шуду ба табъи баъзеҳо нафорид. Аз болои мо дар чанд ҷо навиштанд ва мо ҳам навиштему баъзе қиссаҳоро ба бор овард.

Ҳамин тавр, 2 сол “Мулоқоти ғоибона” давом кард ва бо хоҳиши хонандагон ҳамаи он суҳбатҳоро ман ҷаъоварӣ кардам то ба шакли як маҷмӯа рӯи чоп орам, аммо баъди моҷароҳои зиндагии мо мулоқот ҳам монду он китоб ҳам…

Исён ва моҷаро

Баъд аз барканории Шумо баъзе журналистони саршинос низ аз рӯзнома рафтанд…

– Бале, мутаассифона, ҷавонони чирадасти рӯзнома як– як, баъзе бо хоҳиши худ ва дигаре бо фишорҳо, саввумӣ бо тағйири роҳи рӯзнома “дуруд, бекорӣ” гуфта аз рӯзнома рафтанд. Ман он замон бекор будам ва баъди чанде ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ рафтам ва аз кори “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳатто аз рӯзнома комилан дур шудам.

Ба кори дигарон дахолат карданӣ нестам, аммо бо рафтани баъзе беҳтарин журналистон обрӯи “Комсомоли Тоҷикистон” каме коҳид.

Аммо Шумо дар ин ҷо метавонед савол диҳед, ки дар байни шогирдон нохалафон низ буданд?

Бале, буданд. Дар “оила”– и ташкилкардаи ман, ки 22– 25 нафар журналисти сарсупурда буд, чанде носипосон низ буданд. Дере нагузашта бисёрашон гуноҳашонро дарк карданд, пушаймон шуданд, наздам ба зону заданду узр хостанд. Ба онҳо гуфтам: ман шуморо бахшидам, Худо шуморо бахшад!

–  …аммо, ба ҷуз як нафар…

– Ин шахсро ҳеҷ наметавонам бахшам. Дар солҳои 1992 – 1995, ки ман ҷавон будаму тамоми кӯшишу ғайрате, ки доштам, барои фарҳанги миллат бахшидам, ин нохалаф бар ивази кини пештар дошта, ҳамон хиёнатро кард ва ин, албатта, барои фаъолияти минбаъдаи ман халали ҷиддие расонид…

Журналистика ва журналист

Ҷанги шаҳрвандӣ ба журналистика чӣ қадар зарар овард?

– Ҷони 70 нафар журналисти сарсупоридаи моро рабуд ва тану ҷисми 70 нафари дигарро аз Ватан дур кард. Агар он 70 журналисти шаҳид зинда мебуд ва агар он 70 нафар, ва шояд аз ин ҳам зиёд бошад, журналисти бурун аз марз дар Тоҷикистон мемонданд, имрӯзи Тоҷикистон ва имрӯзи матбуоти тоҷик дигар хел буд.

Боре ба ҷамъ намудани журналистони дастпарвари хеш ва бо онон ба ташкили рӯзномаи хусусӣ наандешидед?

–  Не, ростӣ, дар ин хусус ҳеҷ наандешидам. Аммо бояд бигӯям, ки дар ҷашни 90-солагии “Ҷавонони Тоҷикистон” аксари ононеро, ки гум карда будам, ёфтам, дидам, оғӯшкашӣ кардем, рӯзҳои гузаштаро ба ёд овардем ва ашки шодӣ рехтем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аксари ононе, ки ҳамчун филолог мактаби олиро хатм намудаанд, дар журналистика фаъолият доранд. Ва ин чиз дар насли Шумо беш дида мешавад. Қаробати ин дуро мегуфтед?

– Аксари журналистони муваффақи замони Шӯравӣ, дуруст қайд кардед, ки чун филолог мактаби олиро хатм кардаанд. Ман ҳам аввал факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ– и имрӯз)– ро хатм намудам ва баъд Мактаби олии ҳизбии Тошкандро чун журналист ба итмом расонидам. Вале аз 15– солагӣ бо матбуот сарукор доштам.

Қонуни навиштанро дар филология меомӯзанд, қонуни эҷоди журналистиро дар рафти фаъолият дар ВАО. Ин ду – филологияву журналистика – ду бародари ҳамхун ҳастанд ва инҳоро ҷудо намудан аз инсоф дур аст.

–  Филологияву журналистикаро ду бародар гуфтед: бародари бузургӣ кадом асту бародари хурдӣ кадом?

–  Албатта, бародари калонӣ фолология аст. Чун дар он аз ҳама аввал забон дохил мешавад ва баъдан нависандагӣ ва журналистӣ. Боғ ё худ гулзори филология аз боғу гулзори журналистика васеътар аст.

Аммо бояд гуфт, ки журналистика дақиқкориро мехоҳад ва филология бошад, асосан образнокиро. Бо ин сабаб фаъолияти журналист, ки бо объекти конкрет сарукор дорад, аз фаъолияти филология боло меистад.

Шумо ба он фикр розиед, ки обрӯи журналист дар рӯзҳои мо коста шудааст?

– Агар ин гуна гӯем, ба журналистони мо кори хуб намешавад, аммо каме кам шудааст. Боиси ин худи мо – журналистон ҳастем. Фаъолияти хоболудона дорем. Ҳама чиро диққат намедиҳем. Бепарвоёнаву сарддилона фаъолият дорем. Ҳастанд нафарони боистеъдод, аммо онҳоро низ бояд ҳавасманд кунем. Аммо намекунем, ё намехоҳем ва ё наметавонем.

Дигар ин ки мо ба фаъолияти худ хунукназарӣ кардем, аз ҷомеа низ хунукназарӣ мебинем. Дар замони советӣ мо бо жанрҳои бадеӣ – публитстистӣ ва ҳатто ҳаҷвӣ аз мушкилоти ҷомеа мегуфтем ва ҳафтае нагузашта, “қаҳрамони” он ё “танбеҳ” мегирифт ва ё аз вазифа мерафт. Бисёр жанрҳои хуби замони Шуравӣ имрӯз тамоман гум шудааст. Охирон фелетон кай чоп шуд, дар хотир надорем. Ва инчунин гуфта наметавонем, ки баъди кадом мақолаи мо чорае дида шуд.

Агар як бор нашуд, дуюмбора сахттар нависем, ҳатман чизе мегӯянд. Аммо мо – журналистон, имрӯз ба як бор гӯё аз сари худ соқит мекунем ва дигар аз пасаш намешавем. Ана ҳамин чиз обурӯро каме паст мекунад. Яъне, ба қавле, замона дигар гашту мо ҳам дигар гаштем.

– Аз сармуҳаррирӣ рондани Шумо баъзе қиссаҳоро бо худ дошт. Аммо баъд аз чанд сол Шумо масъулияти хеле баланд – Вазири фарҳангро бар дӯш доштед. Ин қисмати зиндагиро худи Шумо чӣ гуна мефаҳмед?

– Бо он ҳама саркашиву қолабшиканӣ ҷони баъзеҳоро то бар гулӯ оварда будам. Онҳо қарор бароварданд: ин сағераро наронем, ҷони моро мебарорад! Ва баъдан маро воқеан “говсуд” карданд. Аввал пешниҳоди мақоми болотар дар нисфи шаб шуд. Розӣ нашудам ва ин боиси исён ва коршикании бачаҳо гашт. Сипас диданд, ки намешавад, ба роҳҳои таҳдиду тӯҳмат гузаштанд.

Пас аз муҳокимаи ман, аризаамро навишта, истеъфо додам, аммо боз ҳам мансаб худ ба ҷустуҷӯйи ман омад. Маро дар охирин интихоботи шаффофтарину демократтарини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар интихоботи депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон аз Ҳисор ғолиб омадам.

Ин қисмати зиндагии маро ҳар кас чӣ гунае, ки фаҳмад, аммо ман лутфи Худо медонам.

Баъдтар вазири фарҳанг шудам ва ҳамчунин, дар вазифаи мушовири Президент кор кардам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фоҷеа ва мазҳака – аз ҳаёти хеш ва халқ

– То ба имрӯз бештар аз 60 китоби Шумо, ки чандтоӣ қиссаву драммаву асарҳо дорад, аз чоп баромадаанд. Ҳоло озодтаред, аммо пештар – ҳангоми Вазири фарҳанг будан ва вазифаи мушовирии Президентро ба ӯҳда доштан, барои кори эҷодӣ чӣ гуна вақт пайдо мекардед?

–  Чун рӯз пурра дар кор будам, шаб камтар хоб рафта, ба навиштан вақт ҷудо мекардам. Шабҳо то соати 1 – 2 менавиштам ва дар фурсатҳои холӣ низ қаламзаниро идома медодам. Аллакай ин ба ман одат шуда буд.

Дар баробари эҷоди асарҳои бадеиву публитсистӣ, Шумо ба драмматарҷумакунӣ ҳам машғулед. Мегуфтед, ки кадоме – асари бадеӣ ё публитстистӣ ё драмма баргардонаш осон аст?

– Албатта, эҷоди асари бадеӣ осонтар аст. Ҳам навиштани драмма ва ҳам тарҷумаву баргардонии драмма душвор аст. Зеро дар ин ҷо саҳнаҳоро бояд созем, образҳоро ба ҳаракат дароварем, зудиву оҳистагии онҳоро муайян кунем. Тарҷумаи драмма фикрронии амиқро меписандад. Асарро дар як нишаст метавон тарҷума кард, аммо драмма мушкилтар аст. Навиштану баргардони драмма ҷолибияти хоси худро дорад.

– Зимнан, дар баробари фоҷеанависӣ ҳаҷвро низ дар кори эҷодӣ хеле зиёд истифода мебаред. Манбаи инҳо куҷост: худ ва ё халқ?

Манбаи асосӣ халқ аст, аммо бояд худ ҳам ҳаҷвнигору ҳаҷвдӯстдор бошед. Агар худ эҷод накунед, кори шумо душвор мешавад. Барои мисол, дар “Сафармахсум”, ки бар асоси асари Ҷалол Икромӣ ва Ҳабибулло Назаров навишта шуду дар фестивал– озмуни “Парасту– 93” ба гирифтани Шоҳҷоиза ва дар намоиши байналмилалии “Наврӯз– 93” дар Ашқобод сазовори ҷои аввал гардид, ҳаҷвро самаранок истифода бурдам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...