Аз мулоқот бо Раиси Думаи Давлатӣ то гулчанбаргузорӣ. Идомаи сафари Рустами Эмомалӣ дар Маскав

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММОҶТ) ва шаҳрдори Душанбе, ки бо сафари корӣ озими Русия шуда буд, субҳи имрӯз бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин мулоқот намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии МММОҶТ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои […]

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММОҶТ) ва шаҳрдори Душанбе, ки бо сафари корӣ озими Русия шуда буд, субҳи имрӯз бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин мулоқот намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии МММОҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишварро баррасӣ карданд.

“Ду ҷониб бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия, инчунин, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии “Заряде”-и шаҳри Маскав боздид кардааст.

Илова бар ин, гуфта мешавад, дар доираи сафари кории худ Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.