Аз мулоқот бо Раиси Думаи Давлатӣ то гулчанбаргузорӣ. Идомаи сафари Рустами Эмомалӣ дар Маскав

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММОҶТ) ва шаҳрдори Душанбе, ки бо сафари корӣ озими Русия шуда буд, субҳи имрӯз бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин мулоқот намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии МММОҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишварро баррасӣ карданд.

“Ду ҷониб бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия, инчунин, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии “Заряде”-и шаҳри Маскав боздид кардааст.

Илова бар ин, гуфта мешавад, дар доираи сафари кории худ Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...