“Чеҳраи мусбати милитсия”. Дар Душанбе пешниҳод доранд, ки пайкараи Мулло Нуров гузошта шавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Иттиҳодияи “Душанбеи мо” бо нашри муроҷиатнома аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дархост кардааст, ки барои пос доштани хотироти капитани хушноми милитсия Мулло Нуров муҷассамаи ӯ дар Душанбе гузошта шавад. Ин муроҷиатнома дар Платформаи ҷаҳонии Change.org нашр гардидааст.

Манбаъ навиштааст, мо, иттиҳодияи мо, сокинони Душанбе ва бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ хоҳиш мекунем, ки барои абадӣ гардонидани хотираи милисаи бузург – Мулло Нуров дар Душанбе пайкараи ёдгории ӯ гузошта шавад.

“Қомат афрохтани пайкараи Мулло Нуров дар шаҳри Душанбе (масалан, дар кӯчаи Турсунзода) рамзи поквиҷдонӣ ва фасоднопазирии тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гардида, барои насли наврас аз таърих ва корномаҳои бузургони мо ёдовар хоҳад шуд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар саҳифаи иҷтимоии ин иттиҳодия иқдоми мазкурро шаҳрвандони зиёд ҷонибдорӣ кардаанд ва дар зери он имзо гузоштаанд.

Мулло Нуров дар ҳама маҳдудаи ИҶШС на танхо бо симои ғайриоддияш, балки бо обрӯи худ ҳамчун бовиҷдонтарин милиса, ки дар боздошти 14 ҳазор ронандаи маст рекорд гузошта, шуҳрат пайдо кардааст.

Фирӯза Аҳрорӣ, як корбари Фейсбук, Мулло Нуровро қаҳрамони дирӯз, имрӯз ва фардо номида, гуфтааст, ӯ поквиҷдон ва боинсоф буд ва қарзи худро дар назди Ватан бошарафона иҷро кард.

“Дар лаҳзаҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ вазифаи худро напартофт, гурехта нарафт ва то дами охирин ба халқу Ватан хидмат кард ва бо тири душман ҷонашро фидо намуд”, – афзудааст Фирӯза Аҳрорӣ.

Ӯ гузоштани пайкараи Нуровро ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин гуфтааст, ӯ ва корномаи ӯ бигзор барои ҳамаи мо ва насли баъд аз мо ибрат бошад.

Мавлуда Қаюмова, корбари дигари Фейсбук, ҳам гузоштани пайкараи Мулло Нуровро дар Душанбе ҷонибдорӣ намуда, ӯро чеҳраи мусбати милитсия гуфтааст. Ӯ дар ин баробар аз масъулин хоҳиш кардааст, ки дар пойтахт муассисаи таълимӣ, кӯча ва ё боғеро ҳам ба номи ӯ гузоранд.

Ҳамин тавр, беш аз 150 нафар иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ карда, аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, пакараи Мулло Нуровро дар пойтахт гузоранд.

Дар ин ҳол, кӯшишҳои мо барои мушаххас сохтани мавқеи шаҳрдорӣ дар робита ба ин пешниҳод ноком гардид, чун аз ин ниҳод касе ба зангҳои мо посух надод.

Бояд гуфт, капитан Мулло Нуровро поквиҷдонтарин милитсия ҳисоб мекунанд ва дар ҳама маҳдудаи ИҶШС ҳамчун милитсияи хушном шинохта шудааст. Вай ҳамчун нозири БДА дар шаҳри Душанбе, бар хилофи аксари ҳамкасбонаш, вазифаи худро софдилона ба ҷо меовард.

Дар робита ба ҳаёт ва корномаҳои Мулло Нуров қиссаҳои ҷолибе вирди забонҳо аст. Ӯ мансабдорони вақти кишварро бо гуноҳи мастиву қоидашиканӣ борҳо ҷарима кардааст ва ҳангоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима бастани ҳамсараш низ хеле маъруф гардидааст.

Мулло Нуров шаби 2 ба 3 декабри соли 1992 ҳангоми адои вазифа кушта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...