Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева бо Манижа Ахмедова мавзуи қоидаҳои умумии мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар судро баррасӣ карданд.
Қоидаҳои умумии баррасии даъво дар доираи мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд кадомҳоянд?
Тартиби мурофиавии баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, аз ҷониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд муқаррароти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд агар Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баҳсҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баррасӣ карда мешаванд.
Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд баҳсҳои зерин метавонанд баррасӣ гарданд:
-мутобиқати санади ҳуқуқии маъмурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба ҷуброни зарар;
– ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади маъмурӣ ё анҷомдиҳии ягон амали дигар тибқи расмиёти маъмурӣ.
Даъво бояд ба суде пешниҳод карда шавад, ки барои баррасӣ ва ҳалли парвандаи маъмурӣ салоҳият дорад. Дар сурати вайрон гардидани қоидаҳои тобеияти судӣ суд даъворо ба суд аз рӯи тобеият ирсол намуда, дар ин бора даъвогарро огоҳ менамояд. Баҳси байни судҳо оид ба тобеяти судӣ бо таъиноти асосноки суди зинаи болоӣ ҳал карда мешавад.
Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд тарафҳо аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда истифода мебаранд, аз ҷумла баррасии парванда дар доираи принсипи диспозитивӣ сурат мегирад.
Мақомоти маъмурии дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд иштироккунанда метавонад парвандаро бо созиши оштии тарафҳо ба анҷом расонад, аз даъво даст кашад ё даъворо танҳо дар сурате эътироф намояд, ки ин хилофи қонун набошад.
Агар судя пештар дар расмиёти маъмурӣ ё дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд доир ба ин парванда иштирок карда бошад, наметавонад дар баррасии парванда иштирок намояд.
Иштирокчиёни мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд кистанд?
Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд аризадиҳанда ва мақомоти маъмурие, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст ё ягон амалеро анҷом додааст, ки боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ мегардад, иштирок мекунад.
Суд то ба анҷом расидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ ҳақ дорад шахсонеро, ки қарори суд ба манфиатҳои онҳо метавонад дахлдор бошад, дар бораи оғози мурофиаи расмиёти маъмурӣ огоҳ намояд ва онҳоро ба сифати шахсони сеюм ҷалб кунад. Суд дар хусуси ҷалб намудани шахси сеюм суд таъинот мебарорад.
Қоидаҳои пешниҳод намудани далел ва ҷараёни исботнамоии мавқеи тарафҳо дар суд чӣ гуна аст?
Даъвогар ӯҳдадор аст даъвои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад. Ҷавобгар ӯҳдадор аст эродҳои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад.
Ӯҳдадории исбот дар сурати пешниҳод гардидани даъво беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба зиммаи ҷавобгар вогузор мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Суд ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на камтар аз се рӯз қабл аз баёнот додани шоҳид дар суд тарафро оид ба шахсияти шоҳид, вақт ва ҷойи баёнот додани ӯ огоҳ намояд.
Дар бораи таъинот оид ба таъин намудани экспертиза, бояд ҳама тарафҳо огоҳ карда шаванд. Агар суд мӯҳлати дигаре муқаррар накарда бошад, тараф ҳақ дорад дар давоми се рӯзи баъди қабули таъинот эродҳои худро оид ба предмет ва ҳаҷми экспертиза пешниҳод кунад. Хулосаи коршинос бояд ба тарафҳое, ки ҳуқуки пешниҳод кардани эродҳоро доранд, фиристода мешавад.
Суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун метавонад бо ташаббуси худ далелҳоро талаб карда гирад.
Тарафҳо ҳақ доранд қабл аз таҳқиқ ва тафтиши далелҳо норозигии худро нисбат ба онҳо пешниҳод кунанд. Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадоранд бо талаби суд ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои баррасӣ ва ҳалли парванда заруриро ба суд пешниҳод кунанд.
Мақомоти маъмурӣ метавонад оид ба рад намудан аз пешниҳоди иттилооти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё шахсӣ арз намояд, агар ин ба амнияти давдатӣ ё ҷамъиятӣ ё ки ба манфиати қонунии шахсони алоҳида таҳдид кунад.
Судя бо дархости тараф метавонад оид ба қонунӣ будани ради мақомоти маъмурӣ аз пешниҳоди иттилоот таъинот қабул кунад. Дар сурати аз ҷониби суд ғайриқонунӣ эьтироф гардидани ради пешниҳоди иттилоот мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ё дигар иттилооти дахлдорро пешниҳод намояд.
Шахсони иитирокчии парванда метавонанд дар суд бо санадҳои судии оид ба парванда қабулгардида, инчунин бо маводи ба суд пешниҳодшуда шинос шаванд.
Тараф ҳақ дорад нусхаҳои санадҳои судии оид ба парванда қабулгардидаро тавассути шӯъбаи коргузории суд гирад. Хароҷоти барои нусхабардорӣ заруриро тараф ҷуброн менамояд. Талаби пардохти дигар маблағи барои нусхабардорӣ мумкин нест.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


