КҲФ: Дар ҳавои хунуку сербориш хеле эҳтиёткор бошед!

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 9 декабр дар қаламрави кишвар обуҳавои хунук пешбинӣ мегардад. Дар водиҳо борон борида ба барфи тар мубаддал мешавад, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо баъзан бошиддат барф меборад.

Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳи ҷумҳурӣ рӯзона ҳарорат ба ҳисоби миёна то 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба ин пешгӯӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии гармкунӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, қувваи барқро сарфа кунанд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон чунин твасияҳо дода мешавад:

– пеш аз сафар мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;

– батареяи аккумуляторро иваз  кунед;

– чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла занҷирҳои зидди яхбандӣ, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин, коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

– дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;

– дорухонаи мошинатонро нав кунед;

– бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;

– ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

– ҳаракат бо мошинро дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаво маҳдуд созед.

Ғайр аз ин, дар Кумита зикр мекунанд, ки агар автомашина ба зимистон омода набошад, беҳтараш аз сафарҳо худдорӣ кардан лозим аст.

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки бомҳоро аз барф тоза карда, автомашинаҳоро зери дарахтҳо нагузоранд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои мавсимӣ, Кумита тавсия медиҳад, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва макони серодам шаҳрвандон бояд ниқоб пӯшанд.

Аз шаҳрвандон боисрор дархост мешавад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд созанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ карда, мувофиқи мавсим либос пӯшанд ва барои пешгирӣ аъ заҳролудшавӣ аз дуд қубурҳои оташдонро бори дигар аз назар гузаронанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...