Миёни Душанбе ва Ал-Кувайт парвози мустақим роҳандозӣ гардид

Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард. Ин иттилоъро аз Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд. Дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ташаббуси боз кардани хати парвози мустақим аз ҷониби давлати Кувайт буд […]

Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) хабар дод, ки шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт парвоз хоҳанд кард. Ин иттилоъро аз Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд.

Дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ташаббуси боз кардани хати парвози мустақим аз ҷониби давлати Кувайт буд ва ҷониби Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуд.

Дар сомонаи ширкати ҳавоии “Ҷазира” арзиши чипта аз Ал-Кувайт ба Душанбе 160 доллар ва чиптаи баргашт 340 доллар муқаррар гардидааст.

Масофаи парвоз бештар аз 3 соатро ташкил медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан миёни Тоҷикистон ва Кувайт парвози мустақим вуҷуд надошт.

Шаҳри Ал-Кувайт пойтахти Давлати Кувайт – кишваре дар Осиёи ҷанубуғарбӣ буда, бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст ва бо Тоҷикистон соли 1995 робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.