“Ҳар рӯз тирпарронӣ аст”. Шералӣ Хайруллоев вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро нигаронкунанда арзёбӣ кард

Asia-Plus

Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки аз соли 1995 то 2013 дар ин маснад кор кардааст, зимни як суҳбати худ дар «Военной приемки»-и телевизиони “Звезда” гуфтааст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико (Аз Афғонистон дар назар аст. -идора) вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон на танҳо беҳтар намешавад, балки бадтар мешавад.

“Пас аз тарки Афғонистон кардани ИМА, ин барои мо мушкили ҷиддӣ аст. Ба ҳар ҳол, мо бо Афғонистон 1400 километр марз дорем. Дар он ҷо на танҳо маводи мухаддир, балки дигар мушкилот ҳам ҳастанд. Дар сарҳади мо бо Афғонистон амалан рӯзе нест, ки задухӯрд набошад. Хуб, ин бештар байни фурӯшандагони маводи мухаддир ва қочоқчинёни маводи мухаддир аст. Ҳар рӯз. Аз ин рӯ, вазъ дар ин қисмати марз беҳтар намешавад. Ҳар сол бадтар мешавад”, – гуфтааст Шералӣ Хайруллоев.

Гуфтан ба марид аст, ки вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қабл аз тарки ин кишвар намудани нерӯҳои Амрико низ нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт аз боздошту кушта шудани қочоқчиёни маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ пахш менамуд.

Бо тарки Афғонистон намудани нерӯҳои Амрико ва ғасби қудрат дар ин кишвар аз сӯйи Толибон* вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон боз ҳам мушкилтар гардид. Расонаҳои Афғонистон пайваста аз даргирӣ дар марз хабар медиҳанд ва ҳамчунин, таъкид менамоянд, ки дар ин манотиқ нерӯҳои зиёди Толибон таҷаммуъ кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ ба такрор аз афзоиши хатар дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва зикр менамоянд, ки дар манотиқи кишвари ҳамсоя гуруҳҳои зиёди террористӣ таҷаммуъ кардаанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти кишвар пайваста ба зарурати тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон таъкид менамояд. Аз ҷумла, Насимҷон Раҷабзода, муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, зимни суханронии худ дар ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”, дар моҳи декабри соли ҷорӣ, гуфта буд, ки “Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо Афғонистон нест”.

“Аз соли 2013 то имрӯз Тоҷикистон барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар донор дарёфт кардааст, аммо ин кумакҳо кофӣ нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст”, – гуфта буд Насимҷон Раҷабзода.

Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост карда буд, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ фиристанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...