13,5 ҳазор террорист дар сарҳад ва хатари бунёди “Хуросони бузург”. Чанд нуктаи муҳим аз конфронси зиддитеррористӣ

Дирӯз, 18-уми октябр, дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” ба кори дурӯзаи худ оғоз кард. Ҳамоишро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, андешаи худро оид ба масоили доғи минтақа ва ҷаҳон иброз дошт. Аз ҷумла, […]

Дирӯз, 18-уми октябр, дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” ба кори дурӯзаи худ оғоз кард. Ҳамоишро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, андешаи худро оид ба масоили доғи минтақа ва ҷаҳон иброз дошт.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хост, ки ба шахсони муттаҳам ба терроризм паноҳгоҳ надиҳанд.

“Мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар мутараққӣ сӯйистифода менамоянд”, – зикр кард президенти Тоҷикистон.

Дар суханронии хеш, Эмомалӣ Раҳмон аз баргардонидании беш аз 400 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакон аз Ироқу Сурия ба ватан гуфта, афзуд, ки “онҳо ҳоло марҳилаи офиятбахшӣ ва барқарорсозиро мегузаранд”.

Ба таъкиди президент, Тоҷикистон ҳамчунин, 5 ҳазор донишҷӯро барои шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз кишварҳои хориҷӣ бозгардонд.

Ба қавли Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, дар ду соли охир, барои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон, зиёда аз 175 иншооти сарҳадӣ ба истифода дода шудаанд, сохтмони 30 иншооти дигар идома доранд ва кишварро зарур  аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд намоянд.

Ҳушдори додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда, пеш аз ҳама оид ба хатарҳои интиқоли ҷангиёни террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба минтақаҳои дигар ҳушдор дод ва дар ин замина, зарурати таҳкими ҳифзи марзҳоро бори дигар таъкид намуд.

Додситони кул гуфт, аъзои гурӯҳҳои террористии "Ал-Қоида"*, "ДОИШ"*, "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*, "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ"*, ҲНИТ* "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* фаъолшавияшонро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон идома дода истодаанд.

Ӯ махсусан аз хатари "ДОИШ"* ҳушдор дод, ки ҳудуди 5 ҳазор ҷангҷӯйро ҷамъ карда, ният доранд, дар маҳдудаи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ “Хуросони бузург”-ро созанд.

Додситони кулли Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои террористӣ ба далели марзи тӯлонияш бо Афғонистон, осебпазир хондааст.

Террористон дар сарҳади Тоҷикистон зиёд мешаванд

Руслан Мирзоев, директори кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай гуфтааст, теъдоди аъзои гурӯҳҳои даҳшатафган, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, беш аз 13,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Ҷангҷӯён барои анҷоми ҳамалоти пурсарусадои террористӣ бо теъдоди зиёди қурбониён манбаъҳои иловагии маблағгузориро ҷустуҷӯ мекунанд”, – афзудааст Мирзоев.

Ба қавли ӯ, дар Афғонистон, ғайр аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"*, боз террористони дигар гурӯҳҳо фаъол ва дар ҳоли афзоиш ҳастанд.

Хостори силоҳ барои ҳимояи марз

Раҷабзода Насимҷон, муовини аввали фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, зимни суханрониаш гуфтаст, таъмини амнияти кишварҳои минтақа ва берун аз он танҳо дар заминаи ҳамкориҳои муштарак даст хоҳад дод.

“Тоҷикистон ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо Афғонистон нест”, – гуфтааст ӯ ва аз кишварҳои абарқудрат силоҳҳои замонавӣ ва бесарнишинҳо хостааст.

Раҷабзода Насимҷон гуфтааст, ки Тоҷикистон аз соли 2013 то имрӯз барои тақвияти марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 77 миллион доллар донор дарёфт кардааст, аммо ин кумакҳо кофӣ нестанд ва барои тақвияти бештари марз ёриҳои иловагӣ зарур аст.

“Бояд иқрор шуд, ки новобаста аз талошҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон ва ҷудо кардани маблағи зиёд дар ин самт, ҳастанд баъзе мушкилоте, ки бидуни кумаки хориҷӣ ҳал карда намешаванд”, – афзудааст ӯ.

Мавсуф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳо дархост кардааст, ки ба кишвар силоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин барои назорати манотиқи дур ва дастнораси куҳӣ фиристанд. Ин афсари марзбонӣ гуфтааст, баъзе минтақаҳои кӯҳии ҳаммарзи Афғонистонро бидуни ин таҷҳизот назорат кардан ғайриимкон аст.

*созмонҳои террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.