Кӣ дар Тоҷикистон аз тухм фоида мебинад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикистон нархи 1 дона тухм то 2 сомонӣ расида, корхонаҳои парандапарварӣ онро бо нархи 1 сомониву 25 дирам мефурӯшанд. Бо дарназардошти болоравии арзиши аслӣ, истеҳсолкунандагон аз ҳар як дона тухм аз 3 то 5 дирам даромад гирифта, савдогарон бошанд, қариб 20 баробар зиёдтар. Барои истеъмолкунандагон нархи ин маҳсулот муҳим аст, зеро Соли нав дар пеш буда, оростани дастархони пурнозу неъмат бе тухм ба гумон аст…

Абдусаид Ҷалолиддинов, директори фабрикаи парандапарварии “Ганҷи Ҳилол – Тухми Файзобод”, яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли тухм дар Тоҷикистон мегӯяд, корхона 1 дона тухми мурғро бо нархи 1 сомониву 25 дирам ва қуттии иборат аз 30 донаи онро – 37,5 сомонӣ мефурӯшад.

“Аз нархи тухм дар нуқтаҳои фурӯш дар ҳайратем, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директор. – Савдогарон нархро хеле баланд – то 1,7-1,8 сомонӣ боло бурда, мо маҷбурем, ки ба аҳолӣ нархи ҳақиқии маҳсулоти худро эълон кунем”.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ба туфайли имтиёзҳои ҳукумат ба парандапарварон, имрӯз ин соҳа дар ҳоли рушд қарор дорад, лекин бо сабабҳои воқеӣ ҳақиқатан ҳам арзиши аслии маҳсулот боло рафт.

Ҳудуди 88%-и арзиши асллии 1 дона тухмро хӯроки мурғон ташкил медиҳанд. Бо ин мақсад дар соҳаи парандапарварӣ 23 таркибҳои хӯрок, витамин ва минералҳо истифода мешаванд, ки 95%-и онҳо аз дигар кишварҳо – Қазоқистону Русия, Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто аз Аргентина оварда мешаванд.

Барои парвариши зироатҳои хӯроки мурғон дар Тоҷикистон замин намерасад. Барои истеҳсоли дигар таркибҳо корхонаҳои махсус лозим аст, ки бунёди онҳо сармоягузориҳои калонро тақозо мекунад.

Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар муқоиса бо аввали соли 2022 арзиши тухм дар Душанбе 65% ва дар минтақаҳо қариб 100% боло рафт.

Имрӯз 1 дона тухм дар нуқтаҳои фурӯши гуногуни пойтахт на камтар аз 1,70 сомонӣ нарх дошта, дар минтақаҳо то ба 2 сомонӣ мерасад.

Дар аввали сол нархи 1 дона тухм дар пойтахт ба ҳисоби миёна 85 дирам ва дар минтақаҳо – то 1 сомониро ташкил медод.

Яке аз сабабҳои болоравии нархи тухми мурғро истеҳсолкунандагон гароншавии комбикорм (хӯроки омехта) барои парандагон маънидод мекунанд, ки нархи тухм бевосита ба он вобаста аст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаби болоравии нархро ба таъсири манфии омилҳои беруна нисбат медиҳад. Коршиносон қисман бо ин ақида розӣ буда, лекин ба сабабҳои дохилӣ, аз ҷумла ба болояш  нархмонии савдогарон ҳам ишора карданд.

Агар корхонаҳои парандапарварӣ аз истеҳсоли 1 дона тухм аз 3 то 5 дирам, мағозаҳо – аз 40 то 70 дирам даромад гиранд, пас ин ба беҳад қиматшавии он боис мегардад. Касоне, ки ба фурӯши тухм машғуланд, аз қиматшавии хидматрасониҳои нақлиёт шикоят мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 800 млн дона ва дар 6 моҳи соли 2022 – 576,1 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуд, ки 24,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...