Поёни достони Ҷопон ва “карнавал”-и Бразилия

Пас аз ғалабаи Ҷопон бар Олмон дар даври гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2022 аксар тахмин карданд, ки ин ғалабаи тасодуфӣ ё натиҷаи беаҳмиятии Олмон буд. Бо гузашти чанд рӯз Ҷопон яке аз даъвогарони ҷом-Испанияро бо усули “тики-така”-аш шикаст дод ва боз ҳам кам касон бовар карданд, ки ин натиҷаи бозии зебои Ҷопон аст, аммо бозии Ҷопон бо […]

Пас аз ғалабаи Ҷопон бар Олмон дар даври гуруҳии Ҷоми ҷаҳон-2022 аксар тахмин карданд, ки ин ғалабаи тасодуфӣ ё натиҷаи беаҳмиятии Олмон буд. Бо гузашти чанд рӯз Ҷопон яке аз даъвогарони ҷом-Испанияро бо усули “тики-така”-аш шикаст дод ва боз ҳам кам касон бовар карданд, ки ин натиҷаи бозии зебои Ҷопон аст, аммо бозии Ҷопон бо ноиби қаҳрамони ҷаҳон-Хорватия бори дигар собит намуд, ки омӯзиш, тамрин ва меҳнати зиёд футболи зебову мафтункунандаро тавлид хоҳад кард, ки кас аз тамошояш мафтун хоҳад шуд. Бозие, ки дирӯз тими Ҷопон муқобили Хорватия нишон дод, далели гуфтаҳои болост. Ҷопон ҳарчанд шикаст хӯрд, лекин бозии зебо намоиш дод, собит сохт, ки дастаҳои Осиё ҳам метавонанд бо дилхоҳ дастаи ҷаҳон рақобати муносиб намоянд ва онҳоро ба дифои комил маҷбур созанд.

Бо фарқ аз Ҷопон Кореяи Ҷанубӣ дар рақобат бо панҷ карат қаҳрамонҳои ҷаҳон – тими Бразилия фориғболӣ кард ва натавонист он бозиеро намоиш диҳад, ки муқобили Португалия карда буд. Шояд маҳорати бразилиягиҳо ба ин роҳ намедод, чун ин “олимон”-и футбол аз ҳад зиёд бозии зебо намоиш доданд. Ба ҳар ҳол, ду тими охирини Осиё мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2022-ро тарк карданд, аммо аз худ хикматеро боқӣ гузоштанд: Футбол дигар он футболи қаблӣ нест ва дар он ҳар дастае, ки меҳнати мекунад ва муваффақ хоҳад шуд, новобста ба намояндаи кадом қитъа будан.

Хорватия 3:1 Ҷопон

Мунтахаби Хорватия дар бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол бар тими Ҷопон дар силсилаи пеналтӣ пирӯз шуда, ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт.

Дар қисми аввал ҳисобро ҳамлагари Ҷопон Дайзен Маэда кушод. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ нимҳимоятгари Хорватия Иван Перишич гол зад.

Перишич 6-умин голи касбиашро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол зад ва дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи Хорватия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳамлагари маъруф Давор Шукер дар як саф қарор гирифт.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Вақти изофии бозии Ҷопон ва Хорватия низ пирӯзро муайян накард. Ҳама чиз дар серияи пеналтӣ ҳал шуд.

Дарвозабони мунтахаби Хорватия Доминик Ливакович аз чаҳор зарбаи тими Ҷопон сетоашро баргардонд ва дар зарбаҳои пеналтӣ ба тими Ҷопон бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ овард.

Бразилия 4:1 Кореяи Ҷанубӣ

Бразилия дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2022 Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Мунтахабҳо дар варзишгоҳи "974"-и Давҳа вохӯрданд. Бозиро ҳайати доварон таҳти сарварии Клемент Турпин аз Фаронса доварӣ карданд. 

Дар дақиқаи 7-уми бозӣ тими Бразилия ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 11-ум Неймар ҷаримаи 11-метриро ба самар расонд. Дар қисмати аввали бозӣ бразилиягиҳо ба дарвозаи ҷопониҳо 4 гол заданд. Дар дақиқаи 76-ум Бэк Сун Хо ягона голи Кореяи Ҷанубиро ба дарвозаи тими Бразилия ворид кард.

Бразилия дар чорякфинал бо тими Хорватия, ки қаблан бар Ҷопон пирӯз шуда буд, бозӣ хоҳанд кард. Бозӣ 9-уми декабр соати 20:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.

Имрӯз, 6-уми декабр, дар даври 1/4 финали Ҷоми ҷаҳон- 2022 бозиҳои зерин дар назар аст:

20:00 Марокаш – Испания

00:00 Португалия – Швейтсария

Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.