Сокини нобинои Ҳисор гуруснанишинӣ эълон кард

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Сокини нобинои шаҳраки Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор Амиршо Ғафуров ба идораи “Азия-Плюс” занг зада, хабар дод, ки се рӯз инҷониб чизе нахӯрдааст. Ба нишони эътироз аз бепарвоии мансабдорони Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор гуруснагӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи Амиршо, “ба замми маъюб будан аз биноӣ, пас аз буридани як пояш, имкон надорад, ки кор кунад".

“Ҳар моҳ кумакпулӣ мегирам, лекин он кам аст”, – мегӯяд Амиршо.

Пас аз буридани як пояш ба ӯ муолиҷа таъин карданд, ки як давраи он 2 ҳазору 700 сомонӣ нарх дорад.

“Дар як сол бояд чор маротиба муолиҷа кунам, ҳар як ҳаб (таблетка) 400 сомонӣ нарх дорад, лекин ман пул надорам, – мегӯяд Ғафуров. – Мувофиқи қонун, ин доруро ба ман бояд бепул диҳанд. Лекин аллакай як моҳ гузашта, онро намедиҳанд”.

Амиршо мегӯяд, ӯ ҳар рӯз ба шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва мақомоти шаҳри Ҳисор занг мезанад, лекин ҳамааш бефоида аст. Ҳеҷ кас гӯшаки телефонро намебардорад.

“Мансабдорон омада, бо вазъи ман шинос мешаванд, дилсӯзӣ мекунанду мераванд. Аз ин ҳоли ман беҳтар намешавад, – мегӯяд Амиршо, ки дар як хонаи начандон калон дар қаламрави Комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни Ҳисор зиндагӣ дорад. – Ин ҷо қубурҳо пур ва баста шуда, касе нест, ки онҳоро тоза кунад. Дар ҳукумати шаҳр мегӯянд, ки хона хусусӣ аст ва аз ин рӯ, корҳои таъмир аз ҳисоби иқоматкунандагон гузаронида мешаванд”.

Амиршо Ғафуров бо ин бепарвоии мансабдорон дучор шуда, ба иқдоми маҷбурӣ даст зад – дар назди мардум гуруснанишинӣ эълон кард, то ки мақомоти ҳукуматро ба ҳалли мушкилаш ҷалб намояд.

Тавре ки Амиршо мегӯяд, пештар ӯ ба ҳайси устои панҷараи оҳанӣ дар комбинат кор карда, сипас муддати 13 сол раиси кумитаи маҳалла буд. Ду сол пеш як пояшро бар асари гангрена (аз кор мондани қисмате аз узви бадан бо сабаби нарасидани хун) буриданд.

“Мақомоти маҳаллӣ аз гуфтугӯ бо мо худро канор гирифта, дар ҳаққи мо ғамхорӣ намекунанд”, – изҳор мекунанд кормандони маъюби Комбинати таълимӣ-истеҳсолии нобиноён дар шаҳраки Ҳаёти Нав.

Ба қавли вай, дар саросари Ҳисор ҷамъияти нобиноён 400 ва дар корхона 170 нафар аъзо дорад. Имрӯз одамони комбинат ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Кор нест ва шароити зиндагӣ мушкил аст. Бисёриҳо барои талбандагӣ ба Душанбе ва дигар шаҳрҳо мераванд. Баъди буридани як пой, Амиршо аз ин имкон низ маҳрум шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки “доир ба ин масъала каме баъдтар посух мегӯянд”.

Ба мо муяясар нашуд, ки то ин дам бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаҳри Ҳисор тамос бигирем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...