“Воридоти газ 17% кам шуд”. Гази моеъ ва бензин арзон шудааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 6-уми декабр, дар Душанбе бензини А92 – 8 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар охири моҳи ноябр он 8 сомониву 40 дирам нарх дошт.

Нархи бензини А95 низ 40 дирам поён шуда, ба 8 сомониву 40 дирам баробар шудааст.

Сӯзишвории дизелӣ ҳам аз 13 сомонӣ ба 12 сомониву 60 дирам арзон шудааст.

Арзиши гази моеъ нисбат ба дигар сӯзишвориҳо поинтар омада, имрӯз он дар пойтахт 5 сомониву 90 дирам фурӯхта мешавад. Пештар гази моеъ 6 сомониву 40 дирам арзиш дошт.

Ҳамин тавр, дар Хуҷанд ҳам нархи сӯзишворӣ поин омада, ҳамсони Душанбе нархгузорӣ шудааст. Имрӯз дар Хуҷанд бензини А92 аз 8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 50 дирам нарх дорад.

Дар шимоли кишвар гази моеъ нисбатан арзонтар аст. Имрӯз дар Хуҷанд гази моеъ аз 5 сомониву 50 дирам то 5 сомониву 70 дирам фурӯхта мешавад.

Дар Бохтар арзиши 1 литр бензини А92 аз 8 сомонӣ ва 1 литр сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 50 дирам аст. Аммо гази моеъ бо нархи 5 сомониву 90 дирам фурӯхта мешавад.

Дар шаҳрҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода бензини А92 – 8 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нархи бензини А95 ҳам то ба 8 сомониву 40 дирам поин омадааст. Сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 60 дирам ва гази моеъ 5 сомониву 80 дирам нарх доранд.

Дар ҳамин ҳол, Агентии пешбари мустақили нархгузорӣ хабар медиҳад, ки ҳаҷми гази моеъ, ки Тоҷикистон аз моҳи январ то сентябри соли равон харидорӣ кардааст, наздики 235 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аммо ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридшудаи гази моеъ дар нӯҳмоҳаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,2% камтар дониста мешавад. Тайи моҳҳои январ – сентябри соли 2021 ба Тоҷикистон наздики 284 ҳазор тона гази моеъ ворид шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо гази моеъ ҳамоно Қазоқистон боқӣ монда, дар давраи ҳисоботӣ 86%-и воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифтааст. Ҳудуди 8% аз Ӯзбекистон ва 3% аз Русия ворид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомбилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...