Вазорати энергетикаи Эрон: Имсол савдо бо Тоҷикистон 4 баробар афзуд

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар ҳамин давраи соли равон 4 баробар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории IRNA бо истинод ба вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Меҳробиён. Рӯзи 5 декабр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи навбатии дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар ҳамин давраи соли равон 4 баробар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории IRNA бо истинод ба вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Меҳробиён.

Рӯзи 5 декабр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи навбатии дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон Меҳробиён ба рушди минбаъдаи робитаҳо байни ду кишвар изҳори умедворӣ кард.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Эрон ва Тоҷикистон то соли 2013 ба таври назаррас афзуда, лекин баъдан ба коҳишёбӣ оғоз кард.

Ба гуфтаи вазири эронӣ, ҳайатҳои воломақоми кишварҳо инчунин имкони густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика ва фарҳанг баррасӣ карданд.

Меҳробиён таъкид дошт, ки Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дошта, ширкатҳои Эрон метавонанд ба он сармоягузорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳоми январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 157 млн долларро ташкил додааст. Аз Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи беш аз 73 млн доллар молу маҳсулот фиристода шуда, аз Эрон ба Тоҷикистон ба маблағи 84 млн доллар маҳсулот оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.