Чӣ тавр кӯдакро бояд ба қайд гирифт ва чаро баъзе волидон тифли навзоди худро саривақт ба қайд намегиранд?

Asia-Plus

Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлия ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад. Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарбар мегирад.

Яке аз марҳилаҳои муҳимми татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад ва дар ин мақола оид ба тарзи бақайдгирии давлатии кӯдак ва сабаби саривақт ба қайд нагирифтани ӯ маълумот дода мешавад.

Бояд гуфт, ки таваллуди кӯдак барои ҳар оила пайки хушбахтӣ аст. Дар ин миён, баъзе аз падару модарон фаромӯш мекунанд, ки кӯдаки навзоди худро ба қайд гиранд, ки ин дар оянда метавонад боиси эҷоди мушкил ва ҳам, сарфаи маблағу вақти иловагӣ гардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки кӯдаки ба қайди расмӣ нагирифта қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Яъне, онҳо аз хадамоти асосие, ки давлат ба шаҳрвандони худ пешниҳод мекунад, бахусус хидматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хидматрасонии тиббӣ, таҳсил ва ғайра маҳрум мешаванд.

Қайди давлатии таваллуди кӯдак чӣ аст? Ин санади расмии муайянкунандаи ҳолати шаҳрвандӣ мебошад, ки таваллуди кӯдакро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Пас аз қайди расӣ кӯдаки навзод соҳиби шаҳодатномаи таваллуд мешавад ва ин ҳуҷҷат шахсияти кӯдакро то гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад. Шаҳодатномаи таваллуд маълумоти асосӣ дар бораи кӯдакро дар бар мегирад: номи пурра, сана ва ҷои таваллуд, номи пурра ва шаҳрвандии волидон. Шиноснома низ дар асоси маълумоте, ки аз шаҳодатномаи таваллуд дарқ мегардад, дода мешавад.

Тартиби бақайдгирии таваллуди кӯдакро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзим менамояд. Тибқи боби дуюми қонуни мазкур, ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ аз рӯзи таваллуди ӯ пешниҳод гардад.

Бартарии бақайдгирии давлатӣ дар давоми се моҳ дар он аст, ки варақаи шаҳодатномаи таваллуд ройгон дода мешавад. Ба онҳо танҳо пардохти хадамоти сабти таваллуд лозим асту баст. Агар волидон пас аз се моҳ ариза мпешниҳод намоянд, онҳо на танҳо барои бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт мекунанд, балки ҷарима мешаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки кӯдакро ҳатто пас аз ба синни балоғат расидан низ метавон ба қайди расмӣ гирифт. Дар сурати ғайр, ӯ шиноснома гирифта наметавонад. Ин ба он оварда мерасонад, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ҳисобида намешавад ва иқоматаш дар кишвар ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Кӯдаки навзодро чӣ тавр ба қайд бояд гирифт?

Пас аз таваллуди кӯдак падар ё модари ӯ бояд ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модар ё яке аз онҳо (ҷамоатҳо, дар ҳолати истиқомат дар деҳот), дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҷойи таваллуди кӯдак ё агар кӯдак дар хориҷа таваллуд шуда бошад, ба муассисаҳои консулии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд.

Агар падару модари кӯдак имкон надошта бошанд, аризаро метавонанд хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, пешниҳод кунанд.

Якҷо бо ариза бояд шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд, нусхаи дутарафаи шиносномаҳои падару модар (ё яке аз онҳо), нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ байни падару модари кӯдак пешниҳод карда шавад.

Агар бастаи ҳуҷҷатҳои зикргардида давоми се моҳи пас аз таваллуди кӯдак пешниҳод карда шавад, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ройгон ва дар муддати аз 1 то 5 рӯзи корӣ дода мешавад.

Падару модаре, ки аризаро дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мӯҳлати то се моҳ пешниҳод накардааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар хоҳад буд.

Маълумоти иловагиро оид ба тартиби бақайдгирии кӯдак дар сомонаи САҲШ-и Вазорати адлия метавон пайдо намуд.

Чаро баъзе волидон кӯдаки навзоди худро сари вақт ба қайд намегиранд?

Тибқи маълумоти САҲШ-и Вазорати адлия дар Тоҷикистон давоми 10 моҳи соли 2022 (январ – октябр) 185 ҳазору 553 нафар кӯдакони то синни яксола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод танҳо 144 ҳазору 980 нафар ё ин ки 77 дарсади навзодон дар давоми се моҳи аввал ба қайд гирифта шудаанд. Тавре маълум мегардад, 40 ҳазору 573 ва ё 23 дарсад кӯдакони навзод саривақт ба қайд гирифта нашудаанд.

Сабаби асосии бо дермонӣ ба қайд гирифтани кӯдаконро коршиносон ва кормандони САҲШ-и Вазорати адлия ба чанд сабаб вобаста медонанд.

Пеш аз ҳама, ин бехабарии падару модар аз талаботи қонунгузории кишвар аст. Қисме аз падару модари кӯдаки навзод намедонанд, ки пас аз таваллуди кӯдак ӯро бояд дар муддати се моҳ ба қайд гиранд.

Баъдан, бархе падару модар гумон мекунанд, ки бақайдгирии кӯдак маблағи иловагиро талаб мекунад, аз ин лиҳоз бақайдгириро ба таъхир мегузоранд, ки аслан нодуруст аст.

Ҳатто, баъзе модароне, ки шавҳарашон дар хориҷа ҳастанд, бозгашти онҳоро интизор мешаванд ва бо ҳамин сабаб, фарзанди навзоди худро дер ба қайд мегиранд.

Дар ҳар ҳолат, вақте онҳо бо кӯдаки худ ба муассисае (шояд шифохона) муроҷиат мекунанд, аз онҳо шаҳодатнома талаб карда мешавад ва танҳо дар ин сурат бо мушкил  рӯбарӯ мешаванд ва баъдан бо сарфи вақту маблағи иловагӣ кӯдаки худро ба қайд мегиранд.

Аз ин лиҳоз, падару модари кӯдаки навзод бояд аз меъёрҳои қонун огоҳ бошанд ва донанд, ки бақайдгирии кӯдак ҳатмӣ ва ройгон аст. Бинобар ин, беҳтар аст, ки кӯдаки навтаваллуди худро саривақт ба қайд гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...