Филми коргардони ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи Бастау сазовори “Ҷоизаи таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон” гардид

Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми", ки аз сӯи коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов омода шудааст, дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён "Бастау" дар  миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё сазовори "Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон" (Особое упоминание жюри) гардидааст. Бори нахуст ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алмато дар фестивали минтақавии "MediaCAMP" намоиш дода шуда […]

Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми", ки аз сӯи коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов омода шудааст, дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён "Бастау" дар  миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё сазовори "Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон" (Особое упоминание жюри) гардидааст.

Бори нахуст ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алмато дар фестивали минтақавии "MediaCAMP" намоиш дода шуда буд.

Ин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар – Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи  лоиҳаи "Формати хурд" -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" дар жанри "мушоҳида" ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар – Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор – Эҳсон Субҳонзода, тадвингар – Комил Карим ва  коргардони садо – Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.

Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд.

Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.

Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, хатмкардаи "Мактаби Филмҳои Мустанад" аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.