Филми коргардони ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи Бастау сазовори “Ҷоизаи таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон” гардид

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми", ки аз сӯи коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов омода шудааст, дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён "Бастау" дар  миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё сазовори "Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон" (Особое упоминание жюри) гардидааст.

Бори нахуст ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алмато дар фестивали минтақавии "MediaCAMP" намоиш дода шуда буд.

Ин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар – Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи  лоиҳаи "Формати хурд" -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" дар жанри "мушоҳида" ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар – Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор – Эҳсон Субҳонзода, тадвингар – Комил Карим ва  коргардони садо – Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.

Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд.

Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.

Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, хатмкардаи "Мактаби Филмҳои Мустанад" аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...