«Яндекс GO» ба Тоҷикистон меояд. Овозаҳо рост баромаданд

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Ду ҳафта инҷониб миёни сокинони пойтахт овозаҳо дар бораи пайдо шудани бозингари нав дар бозори хидматрасонии такси – ширкати маъруфи фармоиши такси, хӯрок, молу маҳсулот, расонидани бор ва дигар хидматрасониҳои «Яндекс GO» гаштугузор дорад. “Азия-Плюс” бо ин ширкат тамос гирифт.

Дар мағозаи замимаҳои App Store ва Google Play Market дар бораи рӯйи кор омадани замимаи Яндекс GO дар Душанбе аллакай анонсҳо ҳастанд.

Агар шумо ҳозир замимаи онҳоро дар смартфони худ насб кунед, ҳоло муваққатан ба шумо хидматрасониҳои Яндекс GO-ро пешниҳод карда наметавонанд. Дар қисми поёни замима ба ҷойи аломати “фармоиш” (заказать) навиштаи “Аз вақти ба кор даромадани сервис (хидматрасонӣ) хабар медиҳем” (Сообщим, когда сервис заработает) пайдо мешавад. Тибқи замима, ширкат хидматрасониҳоеро чун “комфортное такси” (таксии бароҳат), мотокурер ва автокурер дар Душанбе роҳандозӣ мекунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Instagram, аллакай рекламаи «Яндекс GO Таджикистан» нашр шуда, дар пойтахт баъзан бо таксии рангаш зарди бо варақҳои часпонида аз ин ширкат вохӯрдан мумкин аст. Лекин ҳоло бо рақамҳои Русия.

Онҳо кай дар Душанбе пайдо шуданд?

Мо тавонистем бо намоянда ва масъули рекламаи Yandex GO дар Душанбе тамос бигирем, аммо аз онҳо ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳамон посух гирифта натавонистем. Ягона чизе, ки ҳосил шуд, тасдиқи ин маълумот аст.

“Ҳозир мо хидматрасониро дар Тоҷикистон санҷида истодаем. Хабарҳои моро пайгир бошед – ба наздикӣ дар бораи расман ба кор оғоз кардан огоҳ мекунем”, – гуфт ба “Азия-Плюс” масъули рекаламаи ширкати Яндекс GO Элмаз Бархонова.

“Онҳо кори худро дар Тоҷикистон ду моҳ пеш оғоз карданд. Мо таргетҳо, маркетинг, аносҳо ва дигар корҳои онҳоро пайгирӣ дорем. Онҳо аллакай ба қабули кормандон машғуланд. Мегӯянд, ки ҳама метавонанд ба онҳо муроҷиат карда, ба кор гирифта шаванд. Лекин дар куҷо воқеъ будани дафтари корӣ (офис) ва чӣ гуна бо онҳо дар тамос шудан ба ман маълум нест”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” корманди яке аз ширкатҳои муваффақи таксии пойтахт.

Ронадагони такси ба ин рақиб чӣ назар доранд?

“Азия-Плюс” ба чанде аз ронандагони такси муроҷиат кард, то ки назари онҳоро дар бораи рақиби навашон бифаҳмад. Миёни онҳо касоне ҳам пайдо шуданд, ки бо Яндекс GO дар Русия кор кардаанд.

“Ман бо ин ширкат ба сифати таксирон дар Маскав кор кардаам. Бо онҳо кор кардан осон аст ва ҳолати мошинҳояшон хеле хуб мебошад. Аз онҳо таксиро ба иҷора мегирифтам. Нисбати ронандагон талаботи хеле ҷиддӣ доранд. Масалан, хушмуомилагӣ нисбат ба мизоҷон. Дар баробари ин, агар шумо бо муштарии дағал рӯ ба рӯ шавед, метавонед аз иҷрои фармоиши ӯ даст кашед. Яъне ҳуқуқу манфиатҳои шумо низ риоя мешаванд!”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як ронанда бо номи Қурбоншо.

Аз пайдо шудани ширкати нав дар бозори таксии Тоҷикистон ронандаи такси Аминҷон низ хурсанд аст.

“Агар ин ширкати Русия барои ронандагон шароити бештар мусоиду фоиданок ва қулай фароҳам орад, ман ба он мегузарам. Дар бораи онҳо алҳол чизе намедонам, аз ҷумла ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат карданро. Танҳо номаш ҳасту овозаҳо дар бораи пайдо шуданаш”, – мегӯяд Аминҷон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...