Довталаби сол – 2022. 10 нафар беҳтаринҳо эълон ва қадрдонӣ шуданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 9-уми декабр, 10 нафар довталаби беҳтарини сол, ки барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар холҳои баландтаринро ба даст оварда буданд, аз ҷониби Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори ММТ, дар ин чорабинӣ гуфт, ин 10 нафар ҷоизагирандагон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо 2 – нафарӣ, интихоб карда шуданд.

“Ин 10 нафар дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои худ аз ҳамаи 4 фанни имтиҳонӣ холҳои баландтарини муқарраршударо соҳиб шудаанд”, – афзуд ӯ.

Дар чорабинӣ довталаби беҳтарини соли 2022 Гулҳаё Кавракова, хатмкардаи МТМУ №110-и шаҳри Ваҳдат, ки бо ба даст овардани баландтарин хол ба Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон дохил шудааст, эълон гардид.

Ӯ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз фанни забони тоҷикӣ – 39 биология – 40, химия – 40 ва физика – 40 хол ба даст овардааст, ки дар умум баландтарин холи бадастомада дар соли 2022 дониста мешавад.

Дар ҷойи дуюм Меҳрангези Фаромарз, хатмкардаи МТМУ №54-и ноҳия Рӯдакӣ эълон гардид. Ӯ низ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шудааст.

Афсунмеҳр Раҳимзода, хатмкардаи МТМУ №2-и ноҳияи Айнӣ дар ин зина ҷои сеюмро ба даст оварда, ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст.

Ҳамин тавр, дар даҳгонаи беҳтарин Амирхӯҷа Олимов – донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Амина Бахтиёрзода – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хусейнҷон Шодизода – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нилуфар Насруллоева – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Насиба Аҳмедова- донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Басона Олимова – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Амирҷон Юсупов – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

Дар ин баробар, Марказ ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 – 17 нафар беҳтарин довталабонеро, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба даст овардаанд, қадрдонӣ кард.

Аз инҳо 14 нафарашон ба гурӯхи ихтисосҳои 5-ум – “Тиб, биология ва варзиш” мансуб буда, холҳои баландтарини муқарраршударо аз 3 субтести фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ – биология, химия ва физика ба даст овардаанд. Ду нафари дигар аз ин номина ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум дохил мешаванд ва 1 нафар мансуб ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм аст.

Дар маросими имсолаи тӯҳфасупорӣ 27 нафар беҳтаринҳо, ки аз байни қариб 69 000 нафар довталаби дар ИМД-2022 интихоб шудаанд, бо хадяҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестӣ аз соли 2018 ба ин тараф довталабони беҳтаринро, ки дар ИМД аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал карор гирифтаанд, муайян ва қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...