“Бахши тандурустӣ, маориф ва бонкдорӣ”. Дар Суғд кӣ бештар пора гирифтааст?

Давоми 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 441 ҷинояти вобаста ба фасод ошкор гардидааст, ки 207 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Дар натиҷа, 28,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 28,5 миллион сомонии он барқарор карда шудааст. Дар ин бора Ҷӯрақул Наврӯззода, сарнозири бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии назорати […]

Авзал Босолиев, махсус барои "Asia-Plus"

Давоми 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 441 ҷинояти вобаста ба фасод ошкор гардидааст, ки 207 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Дар натиҷа, 28,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 28,5 миллион сомонии он барқарор карда шудааст. Дар ин бора Ҷӯрақул Наврӯззода, сарнозири бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо  коррупсия дар вилояти  Суғд ба Азия-Плюс иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар соҳаи тандурустӣ 64 ҷиноят нисбати 15 нафар, маориф 40 ҷиноят нисбати 27 нафар, сохторҳои бонкӣ 46 ҷиноят   нисбати 4 нафар, бахши Кумитаи замин 21 ҷиноят нисбати 16 нафар,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он 39 ҷиноят  нисбати 23 нафар, зерсохторҳои ширкати “Барқи тоҷик” дар вилоят 13  ҷиноят нисбати 10 нафар ба  қайд  гирифта шудааст.

“Вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин бошад дар ин давра 58 ҷиноят нисбати 33 нафар ошкор гардида,  айни замон тафтишот дар ин самт идома дорад,” гуфт Ҷӯрақул Наврӯззода.

Бино ба иттилои Ҷӯрақул Наврӯззода, ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд-91 адад, Бобоҷон Ғафуров-49 адад, Спитамен-48 адад ва Ҷаббор Расулов-32 адад ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола санаи 9-уми декабр Рӯзи байналмилалии  мубориза бар зидди коррупсия қайд карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ  аз 10-уми январи соли 2007 мақоми махсус таъсис дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.