Додгоҳи Суғд як модарро барои қатли фарзанд 18 сол равонаи зиндон кард

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Додгоҳи вилояти Суғд Мутриба Розиқова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои куштори фарзанди хурсолаш 18 сол равонаи зиндон намудааст.

Дар ҳукми Суди вилояти Суғд гуфта мешавад, ки Мутриба Розиқова бо нафаре, ки дар хонааш ба таъмир машғул будааст, шинос шуда, бо ӯ робита барқарор мекунад. Ин зан 26 майи соли 2021 писарча таваллуд мекунад ва пайвандони шавҳараш даъво пеш меоранд, ки фарзанди таваллудшуда ба шавҳари Мутриба Розиқова монанд нест. Аз ин лиҳоз, онҳо талаб мекунанд, ки кӯдаки навзод аз ташхиси биологӣ-молекуляторӣ (ДНК) гузаронида шуда, падарии ӯ дақиқ карда шавад.

“Мутриба Розиқова барои ошкор нашудани амалҳои шармандасози худ нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани навзодашро мекашад. 22 апрели соли 2022 вақте хонаро холӣ ва барои амалӣ кардани мақсадаш муносид мебинад, кӯдаки 11-моҳаро дар гавҳора бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад” – омадааст дар ҳукми додгоҳ.

Пас аз қатли кӯдак, Мутриба Розиқова сабаби маргро ба пайвандони шавҳараш беморӣ мегӯяд, аммо пайвандони шавҳараш ба ин бовар накарда, талаби ташхиси тиббӣ мекунанд. Дар натиҷа, пас аз дафн, қабр бозкушоӣ ва ҷасади кӯдак ташхис карда  мешавад.

“Хулосаи экспиртизаи тиббӣ-судӣ муайян мекунад, ки хурдсол аз беморӣ не, балки дар натиҷаи асфиксияи механикӣ, яъне баста шудани сурохиҳои роҳи нафас ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Дар робита ба ин ҳодиса, Мутриба Розиқова боздошт ва барои куштори шахси ноболиғ ё нафари дар ҳолати оҷизӣ қарордошта айбдор дониста шуда, бо дастрасӣ ба моддаи 104 қисми 2  банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 18 соли колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ маҳкум гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...