Додгоҳи Суғд як модарро барои қатли фарзанд 18 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи вилояти Суғд Мутриба Розиқова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои куштори фарзанди хурсолаш 18 сол равонаи зиндон намудааст. Дар ҳукми Суди вилояти Суғд гуфта мешавад, ки Мутриба Розиқова бо нафаре, ки дар хонааш ба таъмир машғул будааст, шинос шуда, бо ӯ робита барқарор мекунад. Ин зан 26 майи соли 2021 писарча таваллуд мекунад ва пайвандони […]

Додгоҳи вилояти Суғд Мутриба Розиқова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои куштори фарзанди хурсолаш 18 сол равонаи зиндон намудааст.

Дар ҳукми Суди вилояти Суғд гуфта мешавад, ки Мутриба Розиқова бо нафаре, ки дар хонааш ба таъмир машғул будааст, шинос шуда, бо ӯ робита барқарор мекунад. Ин зан 26 майи соли 2021 писарча таваллуд мекунад ва пайвандони шавҳараш даъво пеш меоранд, ки фарзанди таваллудшуда ба шавҳари Мутриба Розиқова монанд нест. Аз ин лиҳоз, онҳо талаб мекунанд, ки кӯдаки навзод аз ташхиси биологӣ-молекуляторӣ (ДНК) гузаронида шуда, падарии ӯ дақиқ карда шавад.

“Мутриба Розиқова барои ошкор нашудани амалҳои шармандасози худ нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани навзодашро мекашад. 22 апрели соли 2022 вақте хонаро холӣ ва барои амалӣ кардани мақсадаш муносид мебинад, кӯдаки 11-моҳаро дар гавҳора бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад” – омадааст дар ҳукми додгоҳ.

Пас аз қатли кӯдак, Мутриба Розиқова сабаби маргро ба пайвандони шавҳараш беморӣ мегӯяд, аммо пайвандони шавҳараш ба ин бовар накарда, талаби ташхиси тиббӣ мекунанд. Дар натиҷа, пас аз дафн, қабр бозкушоӣ ва ҷасади кӯдак ташхис карда  мешавад.

“Хулосаи экспиртизаи тиббӣ-судӣ муайян мекунад, ки хурдсол аз беморӣ не, балки дар натиҷаи асфиксияи механикӣ, яъне баста шудани сурохиҳои роҳи нафас ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Дар робита ба ин ҳодиса, Мутриба Розиқова боздошт ва барои куштори шахси ноболиғ ё нафари дар ҳолати оҷизӣ қарордошта айбдор дониста шуда, бо дастрасӣ ба моддаи 104 қисми 2  банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 18 соли колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ маҳкум гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.