Сӯзишвории автомобилӣ дар Душанбе ба таври назаррас арзон шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархи чаканаи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон пас аз болоравиҳои он дар моҳи ноябр давоми моҳи декабр тадриҷан ба андозаи 16% поин рафт – аз 6,20 сомонӣ то 5,20 сомонӣ барои 1 литр.

Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт онро метавон бо нархи 4,80 сомонӣ ҳам харид.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон аст ва тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз нисфи моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Ҳамчунин коҳиши назарраси дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомашинаҳо ба мушоҳида мерасад.

Як литр бензини серистифодаи тамғаи АИ-92 имрӯз 7,50 сомонӣ нарх дорад. Охир моҳи ноябр он бо арзиши 8 сомонӣ фурӯхта мешуд. Як литр сӯзишвории дизелӣ ба ҷойи 12,20 сомонӣ дар охири моҳи гузашта айни замон бо нархи 11,80 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Поинравии арзиши онро ширкатҳои воридкунанда арзоншавии  он дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир – 487 доллар боқӣ мондааст.

Зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% – аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% – аз Русия ва 0,3% – аз Туркманистон харида шудааст.

Воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.

Нархи гази Қазоқистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб бетағйир боқӣ монда, гази Ӯзбекистон қариб 2%, газ аз Русия – 17,8% арзон шуд, лекин гази Туркманистон баръакс, 1% қимат шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз рӯи вазн ба андозаи 30,1% ва аз рӯи арзиш – 80% зиёд шуд. Давоми моҳҳои январ-октябри ҳамин сол аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 645 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Ҳудуди 90%-и ин навъи маҳсулот тариқи имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) аз Русия оварда мешавад.

Нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 15,1%, бензин – 10,9% поин рафта, арзиши сӯзившории дизелӣ (солярка), баръакс – ба миқдори 16,1% боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...