Беҳтаринҳои мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

Дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯзи 13 декабр маросими мутантани тақдими ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2022 қадрдонӣ гардиданд. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум […]

Дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯзи 13 декабр маросими мутантани тақдими ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои соли 2022 қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, дар маросими тантанавӣ ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ муайян карда шуданд.

Аз ҷумла, беҳтарин бозигари сол сарвони «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ӯ ҳамчунин бо задани 16 гол нишонзани беҳтарини чемпионати кишвар дар соли 2022 эълон гардид. Дарвозабони дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон дониста шуд.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон-2022-ро гирифт. Ҳимоятгари ганагии «Равшан»-и Кӯлоб Самуэл Офорӣ беҳтарин легионери лигаи олӣ эътироф шуд.

Боз футболбозони зерин беҳтарин дониста шуда, қадрдонӣ гардиданд:

Нимҳимоятгари тими «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Худойдод Узоқов – беҳтарин бозигари лигаи якуми Тоҷикистон;

Сармураббии дастаи «Куктош» Тоҳир Муъминов – беҳтарин мураббии лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2022;

Паҳлавон Баҳризода аз тими «Истиқлол» – беҳтарин бозигари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни ҷавонон;

Сармураббии дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ» Фарҳод Холбеков ҷоизаи беҳтарин мураббӣ миёни ҷавонон;

Гулмуроди Саъдулло – «Беҳтарин довари Тоҷикистон»;

Капитани тими миллии кишвар Аҳтам Назаров – беҳтарин ҳимоятгари мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022;

Бозигари «Хатлон»-и Бохтар Тоҳирҷон Тағойзода – «Беҳтарин нимҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон-2022»;

Сарвони бошгоҳи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев – беҳтарин ҳамлагари чемпионат дар мавсими 2022.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.