Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 6,25% – аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” сухан меравад. Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда дар соли дахлдор муқаррар карда мешавад. Ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати […]

Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 6,25% – аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” сухан меравад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда дар соли дахлдор муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) истифода бурда мешавад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2023) ҳамасола зиёд мешавад.

Ба ин тариқ солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 40 сомонӣ, 2017-2018 – 50 сомонӣ, 2019 – 55 сомонӣ, 2020 – 58 сомонӣ, 2021 – 60 сомонӣ ва соли 2022 – 64 сомониро ташкил медод.

Аз соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Ҳамон вақт дар ин бора қонуни дахлдор – “Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисоб” қабул шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.