“Сомон Эйр” ба Исломобод хатсайр боз мекунад

Интиқолдиҳандаи ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” 13 декабри соли 2022 нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод. Дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад буд. Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои […]

Интиқолдиҳандаи ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” 13 декабри соли 2022 нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод.

Дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад буд.

Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд ва ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин соли архунда басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, Душанбе ва Исломобод фарқияти замонӣ надошта дар як минтақаи вақт қарор доранд, ки ин албатта барои мусофирон хеле қулай мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 – 800/900 сурат мегиранд.

Ширкати "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.

Парки ширкати "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Бехатарӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои ширкат мебошанд ва дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.