Қатъи интиқоли чӯб аз Русия ба Осиёи Марказӣ. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад гузошт?

Корхонаҳои саноати ҷангали Русия аз моҳи сентябри соли 2022 аз имконияти интиқоли маводи чӯбу тахта ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳрум шуданд. Ин мушкил пас аз қабули қарори ҳукумати Русия “Дар бораи муайян кардани нуқтаҳои гузаштани навъҳои ҷудогонаи маҳсулот тариқи сарҳади давлатӣ” рӯйи кор омад.Дар он доир ба маводи чӯбу тахта ҳам сухан меравад. Тавре ки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Корхонаҳои саноати ҷангали Русия аз моҳи сентябри соли 2022 аз имконияти интиқоли маводи чӯбу тахта ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳрум шуданд.

Ин мушкил пас аз қабули қарори ҳукумати Русия “Дар бораи муайян кардани нуқтаҳои гузаштани навъҳои ҷудогонаи маҳсулот тариқи сарҳади давлатӣ” рӯйи кор омад.Дар он доир ба маводи чӯбу тахта ҳам сухан меравад.

Тавре ки “Ведомости” аз қавли як коршинос хабар медиҳад, маҳсулотро танҳо аз истгоҳҳое фиристодан мумкин аст, ки дар он ҷо сарҳади заминӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ки аъзои Иттиҳоди гумрукӣ нестанд, вуҷуд дорад. Қазоқистон ва Русия фазои ягонаи гумрукӣ доранд, бинобар ин, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳамчун макони интиқоли маводи чӯбу тахта таъин карда нашудаанд.

– Аммо барои аз Сибирь ё Урал баровардани чӯбу тахта бояд дар сарҳади Қазоқистон нуқтаҳои гузаронидани ашёи хом таъин карда шавад, агар он расман вуҷуд надошта бошад ҳам, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа интиқолдиҳандагони бор ва операторон то ҳол намедонанд, ки чӣ гуна масолеҳи чӯбу тахтаро ба Осиёи Миёна фиристанд.

Дар робита ба масъалаи содироти масолеҳи чӯбу тахта ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, Ассотсиатсияи саноати хоҷагии ҷангал ва содиркунандагони масолеҳи чӯбу тахтаи вилоятҳои Томск ва Вологда ҷиҳати ҳалли масъала ба раҳбарияти ин вилоятҳо муроҷиат намудаанд.

“Интиқоли сабзавоту мева бо автомобил аз он самт имкон медод, ки нархҳо барои истеъмолгарон дар сатҳи паст нигоҳ дошта шуда, ҳамчунин сарборӣ ба нақлиёти роҳи оҳан кам шавад”, – гуфтаанд онҳо дар муроҷиат.

Аз ин рӯ, дархост шудааст дар муроҷиат, мавқеъҳои марбут ба интиқоли маводи чӯбу тахта дар қарор, ки содиротро аз Русия тариқи роҳи автомобилгард ва оҳан ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо манъ мекунанд, хориҷ шавад.

Зикр шудааст, ки дар сурати манъи анҷоми амалиёт бо кишварҳои номақбул, ки ҳиссаашон дар фурӯш назаррас буд, айни замон бозорҳои Осиёи Миёна аз лиҳози афзоиши фурӯш ва дастрас будани логистика муҳим арзёбӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти оморӣ оид ба савдои хориҷии Русия, соли 2021 аз вилояти Томск ба маблағи умумии 138 млн доллар 672 ҳазор тонна масолеҳи чӯбу тахта содир шудааст, аз ҷумла ба Ӯзбекистон 345 ҳазор тонна ба маблағи 77 млн доллар, ба Тоҷикистон – 16 ҳазор тонна ба маблағи 3 млн доллар ва Туркманистон – 180 тонна ба маблағи 45 ҳазор доллар.

Тоҷикистон масолеҳи чӯбу тахтаро асосан аз Русия мехарад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли 2022 ба маблағи 153,7 млн доллар зиёда аз 408 ҳазор тонна (тақрибан 694 ҳазор метри мукааб) ин навъи маҳсулот харида шудааст.

Дар соли 2021 ҳаҷми воридоти чӯбу тахта ва маснуот аз он 493,7 ҳазор тонна ба маблағи 149,6 млн доллар, соли 2020 – 468,5 ҳазор тонна ба маблағи 120,8 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.