Байни Тоҷикистону Покистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Дар чаҳорчӯби сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба Покистон байни кишварҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Тавре ки хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф сарвари давлати Тоҷикистон изҳор намуд, ки мувофиқаҳои бадастомада дар баробари санадҳои   баимзорасида, ба муносибатҳои байнидавлатии ду […]

Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба Покистон байни кишварҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф сарвари давлати Тоҷикистон изҳор намуд, ки мувофиқаҳои бадастомада дар баробари санадҳои   баимзорасида, ба муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.

“Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки ҷиҳати идома додани ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000, ҳавасмандӣ ба ҳузури ширкатҳои покистонӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин мушкилоти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, президенти Тоҷикистон аз Шаҳбоз Шариф даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Сипас дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

– Изҳороти муштараки ду кишвар;

Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

– Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;

– Созишнома байни Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат оид ба стандратҳо ва назорати сифати Ҷумҳурии Исломии Покистон (PSQCA), Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва суистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

– Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқоти захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон