Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузоштааст

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиа имрӯз, 16-уми декабр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО), бидуни ширкати наздикону пайвандони маҳкумшуда, баргузор гардидааст.

Яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, дар мурофиа танҳо вакили дифои ӯ роҳ ёфтааст.

“Додрас ҳукми то 7, 5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст. Ҳарчанд аз ҷониби вакили дифоъ ваҷҳҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд, вале тавре ба назар мерасад, додрас онро ба назар нагирифтааст”, – гуфт яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаст, ки "пас аз қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо  (зиндон) интиқол дода мешавад”.

Ҳамчунин, вакили дифоъ афзудааст, ният доранд аз болои қарори суди мазкур ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард. Баъди 10 рӯзи гузаштан аз ҳукми суд ва пайдо кардани баҳои ҳуқуқӣ Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ карданд. 

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Ҳафтаи гузашта, Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар СИЗО аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ шинос шуда буд.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва аксарашон ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.

Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони "1-ум советский" интиқол дода шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...