Интиқоди САҲА аз Тоҷикистон: “Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест”

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард. Завқибек Саидаминӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Тереза Рибейро рӯзи 7-уми ноябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, "ин як зарбаи дигар ба озодии расонаҳо дар Тоҷикистон аст ва аз мақомоти Тоҷикистон […]

Радиои Озодӣ

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард. Завқибек Саидаминӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Тереза Рибейро рӯзи 7-уми ноябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, "ин як зарбаи дигар ба озодии расонаҳо дар Тоҷикистон аст ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, Завқибек Саидаминӣ ва рӯзноманигорони дигари зиндониро озод кунанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

"Ба онҳо имкон дода шавад, ки дар бораи масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои амниятӣ, гузориш бидиҳанд. Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест," — афзудааст хонум Рибейро.

Пеш аз ин, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон низ ҳукми додгоҳро дар мавриди Завқибек Саидаминӣ маҳкум карда буданд.

Завқибек Саидаминии 38-соларо моҳи июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва 3-юми ноябр ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ 7 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.

Хабарнигори пешини Телевизиони давлатии Тоҷикистон бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд.

Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Чанд нафари дигар муҳокима мешаванд.

Сенаторони ИМА ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карданд

Ду сенатори амрикоӣ аз афзоиши таъқибу хушунат алайҳи хабарнигорон ва нокомии ҳукумат барои ҳифзи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд, менависад Радиои Озодӣ.

Ҷим Риш, сенатори баландпоя ва Боб Менендез, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенат, дар номае ба президенти Тоҷикистон аз ҳабси, ба гуфтаашон, худсаронаи хабарнигорон ва таъқиби кормандони Радиои Озодӣ шикоят кардаанд.

“Шиддат гирифтани саркӯбҳои охир алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил, бахусус ҳамкорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боиси нигаронии амиқи мо шуд”, – навишта шудааст дар мактуб, ки рӯзаш 2 ноябр зикр шудааст.

Ба гуфтаи сенаторон, "ҳабси худсарона, таъқиб бо ангезаҳои сиёсӣ ва таъқиби хушунатомези кормандони Радиои Озодӣ ғайри қобили қабул аст".

Онҳо зикр мекунанд, ки "ин вазъ ба халалдор шудани пешравие, ки кишварҳои мо барои равобити наздиктар ва судманд ба даст овардаанд, таҳдид мекунад".

Дар номаи худ Ҷим Риш ва Боб Менендес дархост намудаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна хушунату таҳдидро ба зидди журналистон бас кунад.

"Мехоҳем, рӯзноманигоронеро, ки беасос дастгир шудаанд, озод кунед ва иттиҳомҳои зидди онҳоро бекор намоед. Дастрасияшонро ба вакилони мудофеъ ва имкони иртиботро бо оилаҳояшон таъмин кунед," – гуфта шудааст дар нома.

Сенаторони амрикоӣ ёдрас шудаанд, ки соли 2019 низ дар пайванд ба “аккредитатсия” ё парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур нома фиристода буданд. "Интизори посухи фаврӣ ҳастем," – афзудаанд онҳо.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз эълон накардааст, ки оё номаи сенаторони амрикоиро гирифта ё не ва посухаш чӣ хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.