Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ним миллиард доллар зиёд шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар зарфи 11 моҳи соли 2022 ҳудуди 503 млн долларро ташкил дод, ки 26,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар сохтори савдо байни кишварҳо ҳудуди 167 млн доллар (33,2%) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва қариб 336 млн доллар (66,8%) ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом мефурӯшад: алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъданҳо, семент, пӯсти хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолинҳо ва ғайра.

Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.

Баъзе ВАО бо истинод ба идораи омори Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки “Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки саҳми зиёди содироти Ӯзбекистон ба онҳо рост меояд, дар ҷои шашум қарор дорад: дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурии ҳамсоя ин кишвар ба маблағи беш аз 460 млн доллар маҳсулот ворид кардааст”.

Дар ҳамин ҳол, чунин фарқият ҳамеша ҷой дошт, чунки ба омори Ӯзбекистон оид ба содироту воридот дар баробари маҳсулот хидматрасониҳо ҳам дохил мешаванд, ки дар ҳисоби омории Тоҷикистон оид ба гардиши маҳсулот ба инобат гирифта намешаванд.

“Гардиши моли хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷудогона аз рӯи маҳсулот ва хидматрасониҳои байнулмилалӣ тартиб дода мешавад”, – шарҳ дода буданд қаблан ба “Азия-Плюс” дар Агентии омори Тоҷикистон.

Муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар кишвари ҳамсоя зиёда аз 7 баробар – аз каме бештар аз 70 млн доллар дар соли 2016 то зиёда аз 500 млн доллар дар соли ҳоло нопурраи 2022 зиёд шуд.

Солҳои 90-ум Ӯзбекистон шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Соли 1995 савдои дуҷониба байни кишварҳо 250 млн долларро ташкил дода буд, ки ду баробар бештар аз муомилоти маҳсулоти умумӣ бо ҳамаи дигар кишварҳои ИДМ буд. Ба гунаи мисол, он замон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия 136 млн долларро ташкил дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...