12 соли зиндон барои ҷалб ба сафи ДОИШ. Сокини 60-солаи Қубодиён равонаи зиндон гардид

Додситони кулли Тоҷикистон аз зиндони шудани як марди 60-сола хабар дод, ки ақида ва ғояҳои ташкилотии террористӣ ва ифротии “ДОИШ” (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро қабул карда, чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро ба сафи ин ташкилоти ифротӣ ҷалб кардааст. Баъди зуҳри имрӯз, 20-уми декабр сомонаи расмии додситонӣ иттилоияе нашр кард, ки Сафар Каримов, сокини 60-солаи ноҳияи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додситони кулли Тоҷикистон аз зиндони шудани як марди 60-сола хабар дод, ки ақида ва ғояҳои ташкилотии террористӣ ва ифротии “ДОИШ” (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ)-ро қабул карда, чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро ба сафи ин ташкилоти ифротӣ ҷалб кардааст.

Баъди зуҳри имрӯз, 20-уми декабр сомонаи расмии додситонӣ иттилоияе нашр кард, ки Сафар Каримов, сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон… дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо (моддаи 401 иловаи 1) 12 сол равонаи зиндон гардидааст.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 4-уми ноябри соли равон содир шудааст, вале Додситони кулл танҳо имрӯз, баъзе ҷузъиёти онро шарҳ додааст.

Манбаъ менависад, Сафар Каримов давоми солҳои 2004-2016, ки мунтазам бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Русия мерафт, бо ақида ва ғояҳои ифротии ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом» (бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015 ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шудааст) шинос шуда, онҳоро барои худ дуруст шуморида қабул ва дар шууру иродааш ҷой кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ташвиқот ва даъватҳои мунтазами Сафар Каримов дар Русия шаҳрвандон Ҳасанов Ғ.А. ва бародараш Ҳасанов А.А., ақида ва ғояҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ»-ро қабул кардаанд.

“Барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта, нисбати Каримов С.Ш. бо моддаи 401 иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 03.02.2017 нисбати номбурда ҷустуҷӯи ҷиноятии байналмиллалӣ эълон шуда буд”, – омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Баъди ин, ӯ дар шаҳри Озинкии вилояти Самараи Русия дастгир ва барои минбаъд истирдод намудан ба Тоҷикистон дар Муассисаи нигаҳдории муваққатии №1-и Самара ҷойгир карда мешавад.

“Ҳангоми дар муассисаи нигаҳдории болозикршуда карор доштанаш, аз моҳи август то моҳи ноябри соли 2017, бо роҳи ташвиқу тарғиби ақидаҳои ифротии ТЭТ «ДИИШ» шаҳрвандони Федератсияи Россия Архипов Д.К., Алпатов А.И., Петров В.Э. ва Кузмич Г.А.-ро барои шомил шудан ба сафи аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии «ДИИШ» ва барои сафар кардан ба кишварҳои Сурия ва Ироқ, даъват намудааст”, – мегӯяд ин ниҳод.

Ҳамин тариқ, ӯ ба Тоҷикистон истирдод шуда, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон аз 4-уми ноябр 12 сол равонаи зиндони низомаш сахт мешавад.

Моддаи 401, иловаи 1 ҳамчун ҷазо барои ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи Сафар Каримов ва ё адвокату наздиконаш барои шарҳи парванда дастрас нест. 

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1 ҳазор нафар ба доми мубаллиғони ба ном “ҷиҳод” афтода, ба кишварҳои ҷангзадае, чун Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои ифротию террористӣ, аз ҷумла ба ДОИШ пайвастанд.

Воқеан, чанд сол пеш, мақомоти Тоҷикистон эътироф карда буданд, ки муҳоҷират яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст.

Муовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров (ҳоло муовини вазири адлия ва роҳбари зиндонҳои Тоҷикистон) се сол пеш дар як хониши парлумонӣ гуфта буд, ки “раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.