Таъмини аҳолӣ бо манзил дар Тоҷикистон аз меъёри муқарраркардаи қонун камтар аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 174,7 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз лиҳози ба истифода додани манзил шаҳру навоҳии тобеи марказ (НТМ) пешсафанд: дар ин давра 330,1 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода шудааст, ки 2,2 баробар зиёдтар дар муқоиса бо соли гузашта аст.

Дар вилояти Суғд 408,6 ҳазор м/мураббаъ (25,5% зиёдтар), ВМКБ – 26,3 ҳазор м/мураббаъ (13,8% зиёдтар), вилояти Хатлон – 266,8 ҳазор м/мураббаъ (0,3% зиёдтар) манзил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ягона минтақае, ки дар он манзил камтар сохта шудааст, шаҳри Душанбе мебошад. Дар пойтахт 142,7 ҳазор метри мурраббаъ хона сохта шудааст, ки 23,6% камтар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ ба як нафарро ташкил медиҳад, ки 8,23% камтар аз меъёри иҷтимоии муқарраркардаи қонунгузории манзил барои як кас (12 метри мураббаъ) мебошад. Соли гузашта дар Тоҷикистон ин меъёр 23% поинтар буд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таъмини аҳолӣ бо манзил миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи охир қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳи декабри соли 2022, маълумот дар бораи таъмин бо манзил миёни кишварҳои Иттиҳод тариқи зайл аст.

Молдова – 34,3 м/мураббаъ

Арманистон – 33,9 м/мураббаъ

Беларус – 28,9 м/мураббаъ

Русия – 27,8 м/мураббаъ

Қазоқистон – 23,2 м/мураббаъ

Озарбойҷон – 20 м/мураббаъ

Ӯзбекистон – 18,2 м/мураббаъ

Қирғизистон – 13 м/мураббаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...