Қариб 13 ҳазор оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Муқоисаи омори никоҳу талоқ дар Тоҷикистон

Дар давоми 11 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 63 ҳазору 377 оила бунёд гардида, 12 ҳазору 792 оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин омори никоҳ нисбат ба як соли гузашта камтар буда, дар соли 2021-ум 74 ҳазору 863 нафар оила барпо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар давоми 11 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 63 ҳазору 377 оила бунёд гардида, 12 ҳазору 792 оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин омори никоҳ нисбат ба як соли гузашта камтар буда, дар соли 2021-ум 74 ҳазору 863 нафар оила барпо кардаанд. Аммо аз ҳам пошхӯрии оилаҳо нисбат ба соли гузашта қариб бетафовут боқӣ мондааст.

Тафовути бастани ақди никоҳ ва бекор кардан он аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022 дар графикаи “Азия-Плюс” бинед.

Дар ин ҳол, бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар 11 моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта камтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2021-ум 189 шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ баста будаанд. Дар 11 моҳи соли 2022 ин рақам 101 нафар камтар шуда, дар ин давра 88 духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд.

Ба иттилои манбаъ, имсол дар шаҳри Душанбе барпокунии оила бо шаҳрвандони хориҷӣ бештар ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 дар барпо кардани оила бо шаҳрвандони хориҷӣ сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мақоми аввал меистоданд.

Тафовути бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022-ро дар графикаи “Азия-Плюс” бинед.

Аз рӯи омори дастраси “Азия-Плюс”, барпо кардани оила дар вилояти Хатлон аз ҳама бештар аст. Вилоти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар ин самт дар зинаҳои баъдӣ меистанд.

Ба иттилои манбаъ, пошхӯрии оилаҳо ва бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли 2021-ум бо 11 моҳи соли 2022 қариб бетафовут боқӣ мондааст.

Тафовути бастани ақди никоҳ ва бекор кардани он дар вилоят, пойтахт ва навоҳии тобеи ҷумҳуриро дар соли 2021 ва 11 моҳи соли 2022 дар графикаи “Азия-Плюс” бинед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.