Таъмини аҳолӣ бо манзил дар Тоҷикистон аз меъёри муқарраркардаи қонун камтар аст

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 174,7 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз лиҳози ба истифода додани манзил шаҳру навоҳии тобеи марказ (НТМ) пешсафанд: дар ин давра 330,1 ҳазор […]

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 174,7 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки 23,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз лиҳози ба истифода додани манзил шаҳру навоҳии тобеи марказ (НТМ) пешсафанд: дар ин давра 330,1 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода шудааст, ки 2,2 баробар зиёдтар дар муқоиса бо соли гузашта аст.

Дар вилояти Суғд 408,6 ҳазор м/мураббаъ (25,5% зиёдтар), ВМКБ – 26,3 ҳазор м/мураббаъ (13,8% зиёдтар), вилояти Хатлон – 266,8 ҳазор м/мураббаъ (0,3% зиёдтар) манзил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ягона минтақае, ки дар он манзил камтар сохта шудааст, шаҳри Душанбе мебошад. Дар пойтахт 142,7 ҳазор метри мурраббаъ хона сохта шудааст, ки 23,6% камтар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ ба як нафарро ташкил медиҳад, ки 8,23% камтар аз меъёри иҷтимоии муқарраркардаи қонунгузории манзил барои як кас (12 метри мураббаъ) мебошад. Соли гузашта дар Тоҷикистон ин меъёр 23% поинтар буд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таъмини аҳолӣ бо манзил миёни кишварҳои ИДМ дар зинаи охир қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳи декабри соли 2022, маълумот дар бораи таъмин бо манзил миёни кишварҳои Иттиҳод тариқи зайл аст.

Молдова – 34,3 м/мураббаъ

Арманистон – 33,9 м/мураббаъ

Беларус – 28,9 м/мураббаъ

Русия – 27,8 м/мураббаъ

Қазоқистон – 23,2 м/мураббаъ

Озарбойҷон – 20 м/мураббаъ

Ӯзбекистон – 18,2 м/мураббаъ

Қирғизистон – 13 м/мураббаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.