Таркиши маргбор дар нақби Соланги Афғонистон

Дар нақби Соланг, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои Афғонистон, шаби шанбе, 17- уми декабр, мошини нафткаш таркид ва оташсузӣ дар нақб то рӯзи якшанбе идома кард. Дар хусуси сабаби асосии таркиш маълумоти дақиқ ироа намегардад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Афғонистон иттилоъ медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин таркиш 63 нафар ҷон бохта, дастикам 32 […]

Дар нақби Соланг, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои Афғонистон, шаби шанбе, 17- уми декабр, мошини нафткаш таркид ва оташсузӣ дар нақб то рӯзи якшанбе идома кард. Дар хусуси сабаби асосии таркиш маълумоти дақиқ ироа намегардад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Афғонистон иттилоъ медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, дар пайи ин таркиш 63 нафар ҷон бохта, дастикам 32 нафар захмӣ шудаанд. Рӯзномаи “8-и субҳ” аз ҷон бохтани беш аз 100 нафар иттилоъ дода, навиштааст, ки бо гузашти чанд рӯз, то ҳол наҷотдиҳандагон натавонистаанд ҷасади фавтидагонро аз нақб берун оранд.

Дар ҳамин ҳол, Толибон* шумори ҷонбохтагон дар ин оташсӯзиро камтар эълом кардаанд. Масъулони маҳаллии Толибон дар вилояти Парвон, теъдоди ҷонбохтагон дар таркишро 19 нафар ва 31 захмӣ эълон кардаанд.

Илова бар ин, ҳазорон мусофир аз ду ҷониби нақб ду шабонарӯз аст, ки банд мондаанд ва хостори ҳарчи зудтар боз шудани роҳанд.

Гуфтан лозим аст, ки гузаргоҳи Соланг бо дарозии 2,7 километр дар баландиҳои силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон мавқеият дорад. Ин гузаргоҳ яке аз шоҳроҳҳои кӯҳистонии Афғонистон аст, ки пеш аз ин низ шоҳиди ҳодисаҳои мушобеҳ будааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.