Тоҷикистон ва шаҳрҳои Чинро хатҳои мустақими ҳавоӣ пайваст мекунанд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Нимаи аввали соли 2023 лоиҳаи ифтитоҳи хати ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Чин бо шумули пойтахти ин кишвар ба охир мерасад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия”.

Дар ин бора рӯзи 16 декабр тариқи онлайн-конфронс муовини директори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ва намояндагони ҳайати Чин гуфтушунид карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили техникӣ ва васлу насби техникаи авиатсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал ифтитоҳи хатсайри мустақим аз Душанбе ба шаҳрҳои Чин, аз ҷумла пойтахти ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.

“Агар дар муҳлати пешбинишуда ҳамаи корҳоро иҷро кунем, аллакай аз нимаи дуюми соли оянда ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Чин парвоз хоҳанд кард”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, ҳоло маълум нест, ки  парвозҳо аз ҷониби кадом ширкати ҳавопаймоӣ иҷро карда мешаванд.

“Ҳамааш ба он вобаста хоҳад буд, ки кадом ширкат барои анҷом додани парвозҳо дархост пешниҳод мекунад”, – зикр кард манбаъ.

Корҳои мувофиқасозии лоиҳа бо сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар барои омода намудани ҳама расмиёти зарурӣ ҷиҳати имзои созишнома идома меёбанд.

Ҳамчунин тибқи тартиб дар идомаи корҳо ҷонибҳоро зарур аст, ки лоиҳаро барои мувофиқасозӣ ба ИКАО пешниҳод намоянд.

ИКАО – муассисаи махсуси СММ мебошад, ки меъёрҳои байнулмилалии авиатсияи гражданиро муқаррар ва рушди онро бо мақсади беҳбуди бехатарӣ ва самаранокӣ танзим мекунад.

Гуфта мешавад, айни замон корҳои ба насб расонидани таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ идома ёфта, барои хатти лоиҳаи мазкур системаи ADS-B то охири соли 2022 муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.

Ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 11000 метр мавҷҳои таҷҳизот минтақаи парвозӣ ва ҳатто 65 км берун аз хатти сарҳади давлатӣ фазои ҳавои ҶМЧ-ро низ идора хоҳад кард.

Илова ба он тасмим аст, ки то охири шашмоҳаи соли 2023 таҷҳизотҳои нави DME/DME, системаи назоратии MLAT,  таҷҳизоти бурдани алоқаи барқии авиатсионӣ ва якчанд системаҳои ҳозиразамон насб гарданд, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақа пурра таъмин хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки то пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Чин 4 парвоз дар як ҳафта  бо хатсайри Душанбе-Урумчӣ анҷом дода мешуд. Ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва South China Airlines ҳафтае 2-маротибагӣ парвоз иҷро мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...