Буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳ 110 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳудуди 31 млрд сомонӣ ё худ каме бештар аз 3 млрд долларро ташкил дод, ки 3,6% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Даромадҳои барзиёд аз нақша тақрибан 1,1 млрд сомонӣ ё худ ҳудуди 110 млн доллар арзёбӣ мешаванд. Болоравии нишондиҳандаҳои нақша […]

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳудуди 31 млрд сомонӣ ё худ каме бештар аз 3 млрд долларро ташкил дод, ки 3,6% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Даромадҳои барзиёд аз нақша тақрибан 1,1 млрд сомонӣ ё худ ҳудуди 110 млн доллар арзёбӣ мешаванд.

Болоравии нишондиҳандаҳои нақша дар навбати аввал, аз ҳисоби пардохти андозҳои асосӣ: андоз аз даромадҳо (андоз аз даромад ва андоз аз фоидаи пешина), андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксизҳо таъмин шуд. Ҳиссаи даромад аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳо 66%-ро ташкил медиҳад.

Ба барзиёд иҷро шудани Буҷети давлатӣ шояд тағйироти воридшуда дар моҳи октябр таъсир расонида бошад, ки мувофиқи он, нишондиҳандаи нақша аз рӯи даромадҳо аз 33 млрд сомонӣ то 32,6 млрд сомонӣ кам карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар баробари ин тамоили барзиёд иҷро шудани нақшаи даромад, ки барои «ҳамьёни асосӣ»-и ҷумҳурӣ хос нест, аз аввали соли ҷорӣ ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, мувофиқи он, меъёрҳо аз рӯи баъзе андозҳо поин рафтанд. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи даромад ба буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% кам карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2023 афзоиши даромадҳо ба буҷетро ба андозаи 12,3% зиёд кунад. Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023” қисмати даромад ба маблағи 37,1 млрд сомонӣ ва хароҷот – 38,1 млрд сомонӣ тасдиқ шудааст.

Касри Буҷети давлатӣ барои соли 2023 беш аз 1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 0,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.