Қурби рубл нисбати сомонӣ поин рафта, ба сатҳи 9 моҳи пеш расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни беқурбшавии рубли Русия аз аввали ҳафтаи равон суръат гирифта, дар натиҷа қурби рубл нисбат сомонӣ то сатҳи моҳи апрели ҳамин сол поин рафт.

Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷиикистон муқаррар карда мешавад, аз аввали ҳафтаи ҷорӣ қариб ба андозаи 6% – аз 156,5 сомонӣ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта имрӯз, 21 декабр то 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.

Дар давраи аз 1 декабр рубл нисбат ба сомонӣ 8,9% (аз 163 сомонӣ то 147,5 сомонӣ) беқурб шуд. Ахиран аввали моҳи апрели соли 2022 рубл дар чунин сатҳи паст қарор дошт.

Қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар ин давра қариб бетағйир боқӣ монда, евро 2,4% қимат шуд –  аз 10,5939 сомонӣ барои 1 евро рӯзи 1 декабр то 10,8516 сомонӣ барои имрӯз.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни савдои Биржаи Маскав рӯзи чоршанбе бори аввал аз 11 май қурби доллар аз 70 рубл боло рафт, менависад РБК. Ҳамчунин зикр мегардад, ки қурби евро низ бори нахуст аз ахири моҳ апрел аз нишондиҳандаи 75 рубл боло рафта, то 75,01 рубл расид.

Ҷорӣ шудани таҳримҳо, коҳиши воридоти асъор аз содирот ва барқарор шудани воридотро коршиносони рус аз ҷумлаи сабабҳои поинравии қурби рубл номбар мекунанд.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дорад. Соли равон бо сабаби аз доллар ба рубл гузаштани ҳисоббаробарӣ дар савдои байни Тоҷикистон ва Русия ин вобастагӣ зиёдтар шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди аз се як ҳиссаи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Ғайр аз ин, аз Русия ба Тоҷикистон пули муҳоҷирон интиқол меёбад, ки ҳаҷми солонаи он ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мерасад.

Беқурбшавии рубл нисбати сомонӣ ба некӯаҳволии хонаводаҳои муҳоҷир таъсири манфӣ мерасонад: чӣ қадре қурби рубл паст шавад, ҳамон қадр онҳо бо сомонӣ камтар пул мегиранд.

Аз соли 2016 интиқолҳо бо рубл ба қабулкунандагон дар Тоҷикистон танҳо бо сомонӣ бо қурби замони пулро гирифтан дода мешаванд. Дар Тоҷикистон аксарият ин таҷрибаро қобили қабул намедонанд ва онро амалан мубодилаи маҷбурии асъор мешуморанд.

Дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% – бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...