“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандӣ меҷӯяд

“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳим хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфту инъикоси ҳаводиси шавқовар аст. Барои рӯзноманигори шаҳрвандӣ шудан ва ба тими мо пайвастан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед. Зимнан: – доштани таҷрибаи […]

“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳим хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфту инъикоси ҳаводиси шавқовар аст.

Барои рӯзноманигори шаҳрвандӣ шудан ва ба тими мо пайвастан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.

Зимнан:

– доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест;

– барои мо муҳим нест, ки шумо дипломи рӯзноманигорӣ доред ё на;

– ба шахсоне, ки аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистон ҳастанд, бартарӣ дода мешавад;

– мо ба синни шумо низ аҳаммият намедиҳем.

Муҳим:

– хоҳиши кор доштани шумо;

– тавони иҷрои саривақтии супориш;

– қобилияти омӯзиш;

– маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқоваре, ки дигарон аҳамият намедиҳанд.

Дигарашро мо ба шумо меомӯзонем: навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб.

Барои ҳар як маводи омодакарда ҳаққи қалам (гонорар) пардохт мешавад.

Маротиба аввал нест, ки “Азия-Плюс” рӯзноманигори шаҳрвандиро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Қаблан, чанд нафаре, ки дар доираи ин лоиҳа бо мо ҳамкорӣ намуда буданд, барои минбаъда роҳи рӯзноманигориро интихоб карданд ва рӯзноманигорони хуб ҳам шуданд.

Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Бесаброна мунтазири шумоем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.