“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандӣ меҷӯяд

Asia-Plus

“Азия-Плюс” рӯзноманигорони шаҳрвандиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳим хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфту инъикоси ҳаводиси шавқовар аст.

Барои рӯзноманигори шаҳрвандӣ шудан ва ба тими мо пайвастан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.

Зимнан:

– доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест;

– барои мо муҳим нест, ки шумо дипломи рӯзноманигорӣ доред ё на;

– ба шахсоне, ки аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистон ҳастанд, бартарӣ дода мешавад;

– мо ба синни шумо низ аҳаммият намедиҳем.

Муҳим:

– хоҳиши кор доштани шумо;

– тавони иҷрои саривақтии супориш;

– қобилияти омӯзиш;

– маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқоваре, ки дигарон аҳамият намедиҳанд.

Дигарашро мо ба шумо меомӯзонем: навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб.

Барои ҳар як маводи омодакарда ҳаққи қалам (гонорар) пардохт мешавад.

Маротиба аввал нест, ки “Азия-Плюс” рӯзноманигори шаҳрвандиро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Қаблан, чанд нафаре, ки дар доираи ин лоиҳа бо мо ҳамкорӣ намуда буданд, барои минбаъда роҳи рӯзноманигориро интихоб карданд ва рӯзноманигорони хуб ҳам шуданд.

Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Бесаброна мунтазири шумоем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...