Суғд: Ҷустуҷӯи 1633 нафар ва боздошти 662 гумонбар

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд 1633 нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҷустуҷӯ шуда, то ҳол 662 нафари онҳо боздошт гардидаанд. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд иттилоъ дод.

Фурқат Хоҷазода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дирӯз, 21-уми декабр, бо иштироки масъулин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, аз ҷумла гуфт, ки аз теъдоди умумии боздоштшудагон 102 нафар бо гумони содир кардани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, 67 нафар бо гумони дуздӣ, 113 нафар дар робита ба содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шудаанд.

Аз теъдоди умумии боздоштшудагон 30 нафарашонро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ дастгир намудаанд. Беш аз ҳама, яъне 27 нафар дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон таслим гардидаанд. Давлатҳои Ӯзбекистон,  Қазоқистон  ва  Озорбойҷон бошад 1 нафарӣ боздошт ва ба Тоҷикистон супоридаанд.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон  бо  дигар мамлакатҳои  ҷаҳон  аъзои  Конвенсияҳо  оид ба  расонидани  ёрии  ҳуқуқӣ  бо  парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ  ва иқтисодӣ  буда,  созишномаҳо ва  дигар санадҳои  меъёрӣ  ҳуқуқиро  дар  ин  самт  қабул  кардааст ва ин имкон фароҳам овардааст, ки дар  самти  кофтуков, дастгир ва ба давлатӣ ташаббускор супоридани айбдоршавнадагони ҷустуҷӯшаванда кор пурзӯр карда шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар самти кофтукови айбдоршавандагон, судшавандагон ва ба мақомоти тафтишотию судӣ ҳозир намудани онҳо дар соли 2021-2022  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...